Машғулиятҳои соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо сардорони мудофиаи граждании хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Кӯшониён

       Тибқи нақша-чорабиниҳои асосии  ноҳияи Кӯшониён оид  ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои  ҳолатҳои  фавқулода барои соли  2020 ва нақшаи пуррагардонии Маркази таълимию методии Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон бо мақсади омода намудан ва омӯзонидани аҳолӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи онҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, инчунин омодагӣ ба мудофиаи гражданӣ рӯзҳои 14-15 январи соли равон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён бо сардорони мудофиаи граждани хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия  машғулиятҳои омӯзишӣ доир ба соҳаи мудофиаи гражданӣ гузаронида шуд.

       Омӯзиши мазкур дар муддати ду руз  аз ҷониби Сардори Маркази таълимию методии Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон полковник Сайдалиев Ё дар якҷоягӣ бо Сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳия капитан Қуватзода Д гузаронида шуд.

2_0.jpg

          Дар рафти гузаронидлани машғулият ба диққати шунавандагон нақшаҳои омӯзиши аҳолӣ ва барномаҳое, ки аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст фаҳмонида шуд.

       Мақсад  аз  гузаронидани машғулияти мазкур ин пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода ва баланд бардоштани маҳорату малакаи ҳайати роҳбарикунанда, бананақшагирӣ, тайёрӣ ва омӯзиши неруҳои ғайриҳарбӣ, коргарон, хизматчиён мебошад.

       Қобили қайд аст, ки масъалаи омӯзиши аҳолӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ яке аз вазифаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» тамоми табақаҳои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли моликияташон ва мавқеи дар ҷамъият доштаашон омӯзонида мешаванд.

 

  

Сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва

мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён

Капитан Қуватзода Д.Қ.

 

 

Миёна: 4.5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.