Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм

       Зиндагӣ баҳрест беканор, қуллаи муроду орзуҳои нотамом эҳсосоти покӣ инсонӣ, хушию хушрӯзгорӣ, саодати одаму хандаи тифлону шодии модарон, вале афсӯс имрӯз ин ҳама хушбахтиву хушҳолӣ, некрӯзию саодатмандӣ, хирадмандию осоиштагиро гурӯҳҳои нохалафӣ беақлу бефаросат, ҷосусу фитнакорон, иғвогарон аз шари инсоният дур будагон худ ва дигаронро дар комӣ оташӣ марг, ноумедиҳои орзуҳои зиндагӣ, бесарусомонаҳои ҷомеаи имрӯзаро бо шиори «Шаҳид дар роҳӣ қиёмати фардо» гӯён ба комӣ алангаи ифротгароӣ ва терроризм

       Бадбахти дар он аст, ки чунин ҳилаву найрангҳои ҳаётсӯзу аз башарият дурро бо номи қонуну қоидаҳои исломӣ гуфта муаррифи намуда, худро шахсони диннию донандагони ислом мешуморанд. Ин маҳс хатоест,  гуноҳест беҷавобу бе суол: Чӣ бояд кард? Ҳар як шахсӣ соҳибақли ҷомеаи имрӯза баҳрӣ он бояд бикӯшад, ки чунин рафтору кирдори ваҳшониятӣ дар зиндагӣ роҳгумзадаро ба ҳар роҳу воситае, ки набошад, чашмашонро ба ободию осудагӣ, сулҳу осоиштагӣ, бурдборию комёбиҳои пешрафти ҳаётро биомӯзанд, на ин ки қисмати худро, толеъи баландӣ хушбахтиашонро ҳамроҳу ҳамсафари чунин гурӯҳҳои дар сурат инсонияту дар сират ваҳшоният ҳамроҳ бисозад. Баҳрӣ ин пешаи накӯкорӣ ҳазорон – ҳазорон қувваи ақлу идроки накӯ лозим аст. Агар инсон дар қалби худ эҳсосоти Ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, имону тавфиқ овардан ба Худованд дошта бошанд, ақли ӯ, қалбӣ ӯ, нангу номуси инсонияшро ором нахоҳад гузошт.

       Мо набояд ғами худ ва ғами фарзандони худро хӯрем: бояд ғами кишвари обод, кишварҳои ҳамсоя ва тамоми вазъи ҷомеаи имрӯзаро аз мадҳи назар дур нагузорем. Барои ҳамин моро месозад, ки якҷоя, дастаҷамъона пеши роҳӣ хатари терроризм ва экстремизмро гирем, то ин ки кишвари худ ва кишварҳои ҷаҳонро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳем. Ҳамеша кӯшиш кунем, ки на ба роҳӣ сӯхтану куштан, несту нобуд кардан балки ба роҳӣ хирадмандӣ, дӯстию рафоқат, ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу оштӣ бар зидди амалҳои террористию экстремистӣ мубориза барем. Пирӯзӣ бар терроризм дар сайёра дар сурате муяссар мегардад, ки ҳамаи одамон бо ҳам муттаҳид шаванд. Мубориза намоянд. Нагузоранд пайдоиши ин падида оғоз гардад, балки сабабҳои пайдоиши онро решакан намуд.

 

 

Директори МТМУ №5-и ноҳияи Кӯшониён

Хуршеди Зоиршо   

Миёна: 4.5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.