Ташкили хоҷагии ниҳолпарварӣ - баҳри коҳиши офатҳои табии дар ҳудуди ноҳия

       Аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба расонидани кумакҳои аввалиндараҷа ва кам намудани талафоти ҷонӣ аз офатҳои табиӣ бо дастгирии Созмони байналмилалии ташкилоти Каритас Швейтсария фаъолияти лоиҳаи “Усулҳои кабудизоркунии паст кардани хатари офатҳои табиӣ тавассути робитаҳои устуворӣ ниҳолпарварӣ” дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён оғоз гардида, дар асоси қарори Раиси ноҳияи Кӯшониён  аз 17 декабри соли 2019, №1114 аз ҳисоби заминҳои фонди махсуси ноҳия ба миқдори 1,0 га хоҷагии самти ниҳолпарварӣ таъсис дода шуд.

       Мақсади асосии ташкили хоҷагии самти ниҳолпарварӣ ба рушд ва афзоиши даромадноки ва дастрасӣ ба дарахтони арзон ва баландсифат равона карда шудааст, ки дар самти маҳал дар ноҳия истеҳсол карда мешаванд, ки ин метавонад дар оянда сатҳи камбизоатиро коҳиш диҳад.      

       Илова бар ин намудҳои гуногуни дарахтону растаниҳо аз он ҷумла Актсия, Писта, Чормағз, Зардолу, Хуч, Бодом, ки ҷониби Кумита дар хоҷагии мазкур парвариш карда мешаванд, барои мустаҳкам кардани соҳили чапи дарёи Вахш ва мавзеъҳои хавфноки ноҳия, ки таҳдиди шусташавӣ ва хатари омадани селро доранд,  истифода бурда мешаванд, ки ин ба паст кардани хавфи офатҳои табии мусоидат менамояд.

       Айни ҳол аз ҷониби Кумита  дар қитъаи замини мазкур  фаъолият ба роҳ монда шудааст.

 

 

 

Сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва

мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи  Кӯшониён

Капитан Қуватзода Д.Қ.

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.