Кӯшониён: Таҷлили рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия

  Имрӯз, дар хиёбони марказии шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳия, бо иштироки роҳбарият ва беш аз 2000 нафар сокинони ноҳия ҳамоиши калони тантанавӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиш, ҷавонони синни даъватӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бо гузаштани паради ҳарбӣ, наврасону ҷавонони варзишгар бо намоиши дастовардҳо рафти чорабиниро боз ҳам хотирмону дилнишин намуданд. Баъд аз тамошои ҳамоиш, дар толори Кохи фарҳанги ноҳия, бо иштироки роҳбарияти ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ташкилоту идораҳо, ҷавонон ва сокинони ноҳия маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Сараввал бо сухани табрикотӣ Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия баромад намуда, дар суханрониашон қайд намуданд, ки дар натиҷаи андешидани ҳамаи тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҷузъу томҳои он дар як муддати начандон тӯлони барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва дастовардҳои истиқлолияти кишварамон Хушбахтона, бо шарофати хираду заковати азалии миллати тоқик ва ҷонбозиву фидокориҳои фарзандони далеру шуҷои халқамон аз ҷумла афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи нав таъсиси кишварамон мо тавонистем, ки аз вартаи фалокатвор раҳоӣ ёфта ба хотири бунёди давлати ҷавони миллиамон нахустин қадамҳои худро гузорем ва минбаъд онро пойдору устувор гардонем. Аз ин рӯ бо итминони комил гуфта метавонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатамон ҳамчун зодаи даврони истиқлолият ба ҳайси яке аз рукнҳои асосии давлат дар роҳи ҳифзи дастовардҳои он ба камол расидаанд. Мо бисту ҳашт солагии бунёди Артиши миллиро, дар шароите ҷашн мегирем, ки Ватани азизамон ба марҳилаи нави тараққиёт ворид гардида, барои таҳкими сулҳу суббот, озодӣ ва арзишҳои милливу давлатӣ қадамҳои боз ҳам устувортаре мегузорад, аз ин рӯ ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки дар атрофии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин марди ватандӯсту меҳанпараст муттаҳид шуда якпорчагии Тоҷикистони азизро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Баъд суханронии табрикотии раиси ноҳия, якчанд ҷавонони сарбаландӣ ноҳия, ки ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ мераванд баромад намуда, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки сарбаландона ба хизмати ҳарбӣ рафта Ватан-Модарро ҳимоя намоянд. Дар рафти чорабинӣ ба раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорони ҷангу меҳнат, медали ҷашнӣ ва Сипосномаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комиссариати ҳарбии вилоят супорида шуд. Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ, гулчини шеъру суруд, дар васфи Артиши миллӣ, Ватан ва Тоҷикистон азиз, аз тарафи фарҳангчиёни ноҳия тақдими тамошобинон гардид.

1_9.jpg 2_66.jpg 4_46.jpg 5_41.jpg 8_31.jpg 9_23.jpg 10_20.jpg 12_39.jpg 13_33.jpg 14_20.jpg 15_19.jpg 17_11.jpg 16_16.jpg 19_8.jpg 25_9.jpg 26_10.jpg 27_5.jpg 28_1.jpg 29_0.jpg 20_6.jpg 21_15.jpg 22_15.jpg 

Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

-----------------------------------------------

Шахси масъули сомона:

Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Кӯшониён

Муҳаммад Шарипов

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.