Хизмат ба Ватан қарзи муқаддаси фарзандист

Андеша: Хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсосӣ ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарони дарси шуҷоату мардонагиро омӯхта, муҳофизат кардани хоки поки ватанамонро ёд мегиранд. Ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагӣ буда, ҳифзи марзу буми кишвар яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҳар як сокини мамлакат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, насли ҷавон дар сафи Қувваҳҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмат намуда, муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар мекунанд. Эҳсоси ватандӯстонаи ҷавонони далеру шуҷои Ватан хизмат ба халқу миллатро пешаи худ қарор дода, бо ихтиёри худ барои хизмати Ватан-Модар раҳсипор шуда, қарзи шаҳрвандии худро баҷо оварда ба сари баланд ба назди падару модар ва наздикони худ бармегарданд. Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо садҳо ҷавонмардони бо ору номуси диёрамон бо амри дил баҳри ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он барои хизмати содиқона ба ВатанМодар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ сафарбар шуда истодаанд. Онҳо хуб медонанд, ки дӯст доштани Ватан, дӯст доштани модар аст ва бо дарки чунин масъулият омодаанд, ки қарзи ҷавонмардии худро иҷро намоянд. Бояд гуфт, ки барои чунин ҷавонони шуҷову ҷавонмард, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи кишвар баҳри хизати сарбозон дар қисмҳои низомӣ тамоми шароит фароҳам гардидааст, ки аскарон тавонанд, бе ягон мамоният адои хизматро баҷо оранд. Алҳол маъракаи даъвати тирамоҳӣ ҷараён дорад, ки ҷавонони далеру шуҷои Ватан бо руҳияи баланди ватандӯстӣ, ихтиёрӣ имрӯз барои хизмати Модар-Ватан раҳсипор гардида истодаанд. Бинобар ин ҳамаи ҷавононро зарур аст, ки аз хизмат намудан саркашӣ накунанд, баръакс барои дифо намудани марзу буми миллати куҳанбунёдамон ҳамеша омода бошанд, чунки оромиву осудагии мардуми сарбаланди моро каси дигар таъмин наменамояд.

Сатторова М. Мудири шуъбаи таблиғот ва иттиллоотӣ КИ ҲХДТ дар н. Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.