
Санаи 27 декабри соли 2022, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти Раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Сафарзода Ғазалшоҳ, бо иштироки роҳбарияти Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту идораҳо шуъбаю бахшҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ, кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки вакил нестанд, иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид. Иҷлосия бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, сипас котиботи иҷлосия интихоб гардид. Дар кори иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати шашум аз масъалаи зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
1.Дар бораи ҳисоботи кории раиси ноҳия, дар ёздаҳ моҳи соли 2022.
2.Дар бораи тасдиқи лоиҳаи буҷети ноҳия барои соли 2023 ва иҷрои буҷети маҳаллӣ дар соли 2022.
3.Дар бораи тасдиқ намудани меъёри андози маҳаллӣ барои соли 2023.
4.Дар бораи тасдиқи нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои соли 2023.
5.Дар бораи рафти иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025.
6.Дар бораи иваз намудани номи кӯча ва баъзе муассисаҳои таълимии ноҳия.
7.Дар бораи тасдиқ намудани лоиҳаҳои қарори раиси ноҳия.
Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён