
АНДЕША: Чун ҳамасола мардуми шарифи Тоҷикистон, ҷиҳати шунидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо самимият интизорӣ мекашанд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 23-юми декабри соли 2022 ироа гардид. Зимни Паём пешравиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи инсондӯстӣ, ҳифзи манфиатҳои ахлоқию миллӣ, масъулитнокӣ дар таълиму тарбияи насли наврас, худшиносию худогоҳӣ ва ватанпарастӣ ҳамзамон, дастгирии пайвастаи соҳибкорону сармоягузорӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳои мушаххас барои пешрафту ободии Ватани азизамон ба миён гузошта шуданд.
Бо назардошти бесобиқаи таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо, ки ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардидааст, минтадории самимии Пешвои миллат ба аҳли деҳқонон ва кишоварзони мамлакат ҷиҳати нигоҳдошти бозорҳои дохилӣ ба маҳсулоти кишоварзии ватанӣ расонида шуд.
Бояд кайд намуд, ки беш аз пеш рушди соҳаи маорифи кишвар дида мешавад ва аҳамияти аввалиндараҷаи Хукумати мамлакат дар рушди ин соҳа равона гардидааст.Маҳз дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, ки амалишавии рафти камбудиҳои соҳа мебошад.
Ҳамзамон бо ин, ба маълумоти сокинони кишвар расонида мешавад, ки дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд.Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд.Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 300 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.Соли 1991 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод. Бо вуҷуди ин, корҳои то имрӯз дар ин самт амалигардида ҳоло ҳам басанда нестанд. Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки моро зарур аст ҳамасола беш аз 200 адад муассисаҳои таълимӣ сохта шавад. Мо сокинони кишвар ва омӯзгорони соҳаро зарур аст, ки бо дарназардошти ин ҳама пешравиҳои соҳаи маориф, ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат ва Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон раванди таълиму тарбияро аз ин ҳам беҳтар ба роҳ монада, барои пешрафти бесобиқи кишвар кадрҳои хуб тарбия намоем. Падару модарон низ муваззфанд, ки робиаи пайвастагиро бо муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон ба роҳ монда масъулияти худро иҷро намоянд. Ҳамзамон, дар замони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи тандурустӣ низ як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Агар то соли 1991, яъне дар 70 соли замони гузашта дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошта бошад, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар 25 соли охир 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва кормандони онҳо ба 79 ҳазор расидааст. Воқеан ҳам, дар дуртарин деҳаҳо ҷиҳати имконияти тезтар пайдо кардан ба хизматрасонии тандурустӣ марказҳои саломатӣ ва ё бунгоҳҳои тиббӣ сохта ба истифода дода шудааст. Боз ҳам рушди соҳаи танурустӣ ва сохтмонҳои ба талаботи муосир ҷавобгӯ вазифаи аввалиндараҷа ҳисобида шуд. Бевосита, дар сохтмони иншоотҳои панҷсолаи охир саҳми сохибкорони ватандӯст назаррас арзёбӣ гардида, минатдории самимии Пешвои миллат ба ҳар як соҳибкорони Ватандӯст расонида шуд. Ҳамзамон, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат қайд карда шуд, ки 90 фоизи иншоотҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби соҳибкорон сохта шудааст. Пешвои муаззами миллат кайд намуданд, ки “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад.Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад”.Ҳамзамон, вобаста ба баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеаи шаҳрвандӣ Пешвои муаззамимиллат қайд намуд, ки “Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд. Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд. Дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд.Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд. Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем. Мо, ҳамчунин, ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад”.
Дар баробари ин Пешвои муаззами миллат вобаста ба фаъолияти пурсамари ҷавонон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа кайд намуданд, ки “Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад.Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпарасти Тоҷикистон содиқ мебошанд.Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад.Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст”.Дар ин росто сокинони кишвар ва ҷавонони саодатманди диёрро зарур аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешрафти мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум содиқона ва софдилона хизмат намоянд. Он дустуру супориш ва хидоятҳои паёми навбатии Пешвои муззами милатро сармашки кори худ қарор дорда, аз пештара дида бетар кору фаъолиятро назаррас нишон диҳем.
Асроров Саидшо-муовини раиси КИ ХХДТ дар нохияи Кушониён