ҲИФЗИ ВАТАН РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДИСТ

      Ватан ва милатро дуст доштан аз амалҳои неки ҳар як инсон мебошад. Фаъолияти шахс дар тамоми самтҳо бояд танҳо барои ҳифзи Ватан ва миллат бошад. Таърих борҳо исбот намудааст, ки дар таълимотҳои илмӣ мафҳуми Ватан дар мади аввал меистад. Амнияти давлатӣ, таъмини Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи боэътимоди марзу буми кишвар ва осоиштагии мардум яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ мебошад. Сулҳу оромии мамлакат, тамоми пешрафти ҷомеа ва таҳкими иқтидори иқтисодиву иҷтимоии давлат ба сатҳи таъмини амният вобаста аст. Воқеан, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат мактаби бузурги ҷасорату мардонагӣ ва далериву шуҷоат аст, ки ин вазифаи муқаддас ва пурифтихори на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номуси кишварамон, махсусан мо - насли ҷавон мебошад. Барои ҳар як ҷавонмард яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегирем. Хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ бояд қарзи виҷдон ва ҳаққи фарзандии ҳар як ҷавони далер бошад. Шукрона дорем, ки имрӯз маҳз бо сиёсати хирадмадонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеа ва давлати мо тараққӣ карда истодааст. Аз ҷумла, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар сатҳи баланд кафолат дода мешаванд. Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон баҳо дода, таъкид намудааст, ки «Артиши ҷавони мо, хусусан дар солҳои душвору фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии мамлакат дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани гурўҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткори трансмиллӣ ва хомўш кардани ошўбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт. Дар раванди муҳорибаҳо ва амалиёти ҷангӣ садҳо нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ҷасорату мардонагӣ нишон дода, ба хотири оромиву суботи Ватан ҷони худро қурбон карданд, ки мо садоқату корнамоӣ ва номи неки онҳоро ҳамеша ва хусусан дар чунин рўзҳои ҷашн гиромӣ медорем». Барҳақ, танҳо давлате, ки истиқлолияту сулҳу субот ва осоиштагии мардумашро таъмин менамояд, рў ба тараққӣ мениҳад. Имрўз мо дар назди худ мақсади бунёди давлати ҳамаҷониба рушдкардаро гузоштаем ва биноан табиист, ки дар навбати аввал ба мустаҳкам кардани иқтидори мудофиавии давлатамон эътибор диҳем. Имрўз бо шарофатии Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ мардум ҳаёти осоишта, зиндагонии оромона, ризқу рўзии фаровон доранд. Мардум имрўз аз масҷидҳои замонавӣ, зиёрати Хонаи Худо, китоби муқаддаси Қуръон ва садҳо дигар китобҳои динӣ бархӯрдор ҳастанд, хонаву дари обод, ақидаи поку солим доранд, дўстро аз душман, некро аз бад фарқ мекунанд ва ҳеҷ гоҳ минбаъд фирефтаи душманон намешаванд. Имрўзҳо, мутаассифона баъзе фирориёни ташкилоти террористии ҲНИТ аз хориҷа истода, зидди давлати тоҷикон кор мебаранд, нақша мекашанд ва бадгўӣ мекунанд. Аммо боре ҳам амалҳои худро ба тарозуи воқеият баркашида ба хулосае намеоянд, ки чӣ бадбахтиҳоро ба ҷомеаи Тоҷикистон оварданд. Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз ба гулистони ҳақиқӣ мубаддал гардидааст. Мо намегузорем, ки ягон афроди разилу бадхоҳ бо мақсадҳои ғарази шахсӣ, бо дастурҳои хоҷагони хориҷии худ ба ҷомеа ва давлати Тоҷикистон таҳдид орад! Имрӯз мо - ҷавонони саодатманди кишвар ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат бо ҳисси баланди ватандӯстию ватанпарастӣ ва нангу номуси миллӣ амалҳои ҷавонмардонаи Пешвои муаззами миллатро ҳамчун мактаби сулҳпарварона сармашқи фаъолияти хеш интихоб намуда, баҳри нигаҳдошти марзу буми Тоҷикистон ҷони хешро дареғ намедорем.

Шукронаи Маҳмадализода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кӯшониён.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.