
Вазъи тағийрёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, хусусан терроризму экстремизм, ҳар яки моро водор мекунад, ки бар зидди ин зуҳуроти номатлуб бо ҷаҳонбинии васеъ ва дониши нав мубориза барем. Нагузорем, ки ҳар гуна ақидаҳои бегона ба тафаккури ҷавононамон роҳ ёбад. Маълум аст, ки хатари тероризму экстремизм имрӯзҳо тамоми мамлакатҳо ҷаҳонро фаро гирифтааст ва барои гирифтани пеши роҳи ин хатар ва танҳо кишварҳои хурд, балки кишварҳои абарқудрат ҳам талош карда истодаанд. Нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ, яъне терорризму экстремизм метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалби вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад. Харобу валангор гардидани садҳо бинову иншоот, ҷон бохтан мардуми осоишта, фирор намудани аҳолӣ аз макони зист, подоши расидан ба ҳадафҳои ҷинояткоронаи ин гуруҳҳо аст. Имрӯз ҳазорҳо нафар мардуми кишварҳои ҷангзада ба умеди амният ва осудагӣ роҳ ҷониби кишварҳои Аврупо мегиранд ва он ҷо низ онҳоро мушкилоти зиёде пеш меояд. Ягона роҳ ҳали ин масъала ҳамкорӣ ва мусоидат кардан ба мақомоти қудратӣ дар мубориза бо терроризм ва экстремизм мебошад, то суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани хеш зиндагии осоишта ба сар барад.
Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амнияти на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳони мебошад. Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин даҳшат ва бераҳмӣ гирифта шавад.Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, ки вақтҳои охир хусусияти байналмилали гирифтааст, бояд на танҳо вазифаи мақомоти қудратӣ, балки ҳар як сокини кишвар бошад.
Раҷабалиев Самандар
омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи МТМУ №52-и н. Кӯшониён