
АНДЕША: Терроризм даҳшатавкани шакли ниҳонии хатарноки ифротгароӣ дар миқиёси ҷаҳон мебошад ва пеш аз ҳама ба одамони бегуноҳ таҳдид менамояд. Дар давоми 20-30 соли охир амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ доираи васеъи мамлакатҳои ҷаҳонро фаро гирифта хатарҳои терроризм ва экстремизм ҳамчун як вабои аср аз таъсири яроқу аслиҳаи атомиҳам зиёдтару даҳшатноктар гардидааст. Кушторҳои бераҳмонаву ҳаводиси даҳшатовари террористӣ сокинони сайёраро дар ҳоли нигарони қарор дода, таҳдиди хатарҳо ба аҳли башар ҳамоно домангири ҷаҳони муосир гардидааст. Дар ҷаҳони имрӯза кишваре нест, ки аз таъсири гуруҳҳои террористӣ дар олам нигарон набошад. Террор ин таҳдид ба тамаддуни умумибашари буда террористон арзишҳои олии умумибашари, миллӣ ва диниву масҳабиро зери по карда, бо мақсади амалӣ гардонидани ҳадафҳои ғайри инсони худ ба зуровара, даҳшату ҳароси мардуми бегуноҳ, куштори занону кудакон вайрону валангор намудани мероси фарҳангии бостони халқу миллатҳо даст мезананд. Терроризм аз назари ҳуқуқ ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд, мақсади он вайрон кардани бехатарии ҷамъият, тарсонидани аҳолӣ мебошад. Экстремизм ифротгароӣ ва терроризм даҳшатафкани ҳам барои ҷомеаи ҷаҳон ва ҳам ҷомеаи мо хатари ҷиддӣ воқеӣ дорад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт таҳкид мекунад, ки имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои асл ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳкид мекунад. Имрӯзҳо ҳар фарди солимфикри тоҷик бояд аз таҷрибаи талхи солҳои навадуми қарини гузашта ва ҳолати имрӯзаи мардумони шарқи наздик хулосаи зарури бароварда сулҳу суботи устувори, истиқлолияти давлатии Тоҷикистон зиндагии орому осудаи мардуми моро чун гавҳараки чашм муҳофизат намояд. Зуҳурони даҳшатовари терроризм аксари таҳти диниву масҳаби сурат гирифта истоданд, ки онҳо аслан ба динни мубини Ислом иртибот надоранд. Дар асл бошад динни мубини Ислом терроризм ва эксремизмро шадидан маҳкум намудан мусулмононро ба ваҳдату баробари раҳму шавқат эҳтироми байни ҳамдигари роҳнамоӣ мекунад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди СММ ва дигар созмонҳои бонуфузи байналхалқи баромад намуда, терроризму экстремизмро маҳкум менамоянд ва Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша дар сафи пеши мубориза ба ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад. Пешвои миллат бори дигар дар Паёми имсолаи хеш таҳкид карданд, ки террорист миллат, Ватан ва динну масҳаб надошта мубориза бар зидди зуҳуротҳои терроризму экстремизм муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯй хатари умуми тақозо менамояд. Ин нишондоди Паём ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки бо нангу номус, ватандӯсту, ватанпарвар, озодиву истиқлолият, манфиатҳои амнияти ва милливу давлатиро ҳамаҷониба ҳифз намояд.
Ш.А. Фатҳулоева, муовини раиси Ҷамоати деҳоти “Меҳнатобод”