Кӯшониён:Баргузории Шӯрои кор бо ҷавонон, бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”

Имрӯз 23 майи соли 2023, таҳти раёсати раиси Шӯрои кор бо ҷавонон, раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин, дар толори Кохи фарҳанги ноҳия бо иштироки аъзоёни Шӯро, мудирони бахшу шуъбаҳо, роҳбарон ва кормандони ҷавони ташкилоту идораҳо, гирандагони стипендияи Президентӣ, варзишгарон ва ҷавонони фаъолои ноҳия, Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси ноҳия, дар доираи моҳвораи ҷавонон бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” баргузор гардид. Сараввал раиси ноҳия аз намоиши дастоварҳои ҷавонону варзишгарони ноҳия дидан намуданд, барои ба дастовардҳои назаррас ноил гаштан, миннатдории худро ба варзишгарон ва муррабиён баён намуданд. Рӯзномаи кори Шӯро аз 2 масъала: ҳисоботи котиби Шӯро ва тасдиқи нақшаи Шӯро иборат буд. Тибқи рӯзномаи кори Шӯро сараввал, маърӯзаи котиби Шӯро мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Шукрона Маҳмадализода шунида шуд. Аз рӯи масъалаи якум ҳамзамон як қатор кормандони ҷавонони ташкилоту идораҳо ва ҷавонони фаъол баромад намуданд. Дар суханронии худ раиси Шӯро сараввал тамоми иштирокчиён ва дар симои онҳо тамоми ҷавонони ноҳия ва ҷумҳуриро бо “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош намуда, ба онҳо тансиҳатӣ, хонаободӣ ва бурдбориҳоро таманно намуданд. Кайд гардид, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2015, №526 Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти мамлакат таъсис дода шуда, ҷаласаи нахустини он 27 майи соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Ҳадаф аз таъсиси Шӯро, пеш аз ҳама ба таври доимӣ дар ҳузури раиси ноҳия мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳия арзёбӣ гардид. Баъд аз баррасии ҳамаи масъалаҳо, ба як қатор ҷавонони ташкилоту идораҳо ва гирандагони стипендияи Президентї ва варзишгарон бо Сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардиданд.

5_85.jpg 8_57.jpg 7_65.jpg 

Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

 

Миёна: 3 (4 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.