Вокуниш: Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология ва ҳатто дар илм низ ба миён ояд. Экстремизм (ифротгароӣ) ба шуури ҷамъиятӣ, иродаву психологияи ҷамъиятӣ, ахлоқ ва идеологияи омма паҳн гардида ба муносибати байни гурӯҳҳои ҷамъиятӣ (экстремизми иҷтимоӣ), миллат (экстремизми миллатгароӣ ё халқҳо), иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ-давлатӣ (экстрмизми сиёсӣ) ва мазҳабҳои динӣ (экстремизми динӣ) таъсири худро мерасонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бо терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳониёнро зери таваҷҷӯҳи махсус қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт пайваста чораҳои таъхирнопазир меандешад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки "Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократи, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоии узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни қарор дорад".
Вале, мутаасифона гуруҳҳои террористиву ифротгароӣ пеш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ дар ҳаёти инсоният ба як проблемаи ҷиддитарин дабдил ёфта истодааст. Таъсири манфии ин зуҳуроти номатлуб бахусус пас аз пош хурдани Иттиходи Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар осиёи марказӣ бештар зоҳир шуд, ки сабаби асосии он ноустувории давлатҳои тозаистиқлол ва дуруст дарк карда натавонистани моҳияти демократия ва шакли нави давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Пешгирӣ кардани ҷиноят нисбат ба ошкор намудан ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахс барои давлат ҳамеша манфиатовар мебошад. Аз тадқиқотҳои илми криминалогия маълум гаштааст, ки барои пешгирии ҷиноят, аз ҷумла ҷиноятҳои хусусиятҳои террористӣ ва экстремистӣ дошта омӯхтан ва ошкор намудани решаҳо, ангезаҳо, шароиту омилҳои содиршавии онҳо нақши калидиро мебозад. Бояд гуфт, ки устуворӣ ва садоқати ҷавонон барои давлати навбунёд заминаи хуб мегузорад. Вале, шомил шудани бархе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва даст доштани онҳо дар ҷиноятҳо аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид намудаанд, ки давлати мо Тоҷикистон соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ягона аст. Дар баробари ин аксарияти мардуми Тоҷикистон пайрави дини мубини ислом буда, дорои фарҳанги бой ва урфу одатҳои миллӣ мебошанд. Ҷавонони кишвари мо бояд муқаддасоти ин хоку оби сарзамини биҳиштосоро донанд ва ҳаргиз нагузоранд, ки миллати ҳазорҳо сол ранҷдида аз ин музафарияҳое, ки имрӯзҳо ба даст овардааст, маҳрум гардад. Маҳз талошҳои шабонарӯзӣ ва ташаббусу иқдомҳои дурандешона ва сулҳхоҳонаи Пешвои миллат аст, ки пеши роҳи ин раванди пурфоҷиа ва фалокатбор гирифта шуда истодааст ва дар натиҷа ба мо муяссар гардида истодааст, ки хатари дар ҷомеаи кишвар паҳн шудани терроризму ифротгароии хушунатомезро бартараф карда, корҳои созандагиву бунёдкориро сармашқи кори худ қарор диҳем.
Ҳакимзода Миҷгона раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён.