
ДАР КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГИ ҲАМА САҲМГУЗОР БОШЕМ
Санаи 10 июни соли 2023, ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 31 майи соли ҷорӣ баён доштанд ва омодагиҳо ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи МТМУ №14-и Ҷамоати деҳоти Заргар, вохурии роҳбарияти ноҳия ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим баргузор гардид. Пеш аз оғози вохурӣ аз тарафи роҳбарияти ноҳия ва дар даромадгоҳи муассисаи таълимӣ ба ғолибони олимпиадаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ туҳфаҳои хотирмон супорида шуда, суҳбати самимӣ доир гардид. Дар вохури инчунин ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Ибодуллозода Аҳлиддин, сардори Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Сафарзода Ғазалшоҳ, муовинони раиси ноҳия, мудирони бахшу шуъбаҳо, сардорони Раёсатҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳо, кормандони муассисаҳои тиббӣ ва таълимӣ, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва раисони маҳал иштирок намуданд. Нахуст, раиси ноҳия ташрифи меҳмони гиромиро ба ноҳия хайрумақдам гуфта қайд намуданд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва дигар масъалаҳои ҳалталаб ҷамъомад доир гардида истодааст. Сипас сухан ба Саидзода Раҳим Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Дар баромади худ Саидзода Раҳим вобаста ба омодагиҳо ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, корҳои ободонию созандагӣ, рушди деҳот, самаранок истифодабарии заминҳо, кишти такрорӣ, рӯёнидани 2-3 ҳосил, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, хизматрасонии баландӣ тиббӣ, пошхурии оилаҳои ҷавон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ аз тарафи наврасону ҷавонон ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо тамоми лавозимоти мактабӣ қайд намуданд. Ҳамзамон ба ҳамаи масъулин дастур дода шуд, ки барои корҳои ободонию созандагии Ҷамоати мазкур тамоми қишрҳои ҷомеа ҷалб гардида, ба ин васила дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амал татбиқ гарданд. Дар ҷамъомад ҳамзамон якчанд ҷавонон ва пирони рӯзгордида баромад намуда, аз сулҳу суботи поянда дар кишвари азизамон шукргузорӣ намуда, қайд намуданд, ки тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри обоб намудани маҳаллӣ хеш мегузоранд. Баъд аз баррасии ҳамаи масъалаҳо, раиси ноҳия бори дигар меҳмонони гиромиро хушомадед гуфта иброз доштанд, ки мардуми меҳнаткашӣ ноҳия ва деҳоти Заргар сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаби замини корамӣ обӣ, захираи дусолаи маводҳои ниёзи аввалия, таъмини қисми даромади буҷети маҳаллӣ, дастгирии оилаҳои ниёзманд, таъмини Барномаву Стратегияҳо ва Консепсияҳои давлатӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, ба ин васила дар таъмини ҳадафҳои стратегии кишвар, таъмин зиндагии шоистаи ҳар як сокини кишвар ва пойдории сулҳу ваҳдат саҳми босазои худро мегузорем.
Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён