КӮШОНИЁН: Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид

      Имрӯз 30 июни соли 2023, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти Раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори Сарраёсати кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Амирбеки Темур ва бо иштироки вакилон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони бахшу шуъбаҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони муассисаҳои маориф ва тандурустии ноҳия, иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид. Баъд аз интихоби котиботи иҷлосия, раиси маҷлиси вакилон рӯзномаи Маҷлисро пешкаши ҳозирин намуданд. Рӯзномаи иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум аз масъалаҳои зерин иборат буд.

1.Рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Кӯшониён аз 13 майи соли 2022, №418, “Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 17 апрели соли 2022, №144, Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2022, №91, “Дар бораи Барномаи рушди маҷмуӣ индустриалию аграрии вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2026”

2.Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо коррупсия ва зидди маводи нашъаовар.

3. Ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии “Меҳнатобод” №9

4. Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳия.

Аз рўи масъалаи якуми рўзномаи иҷлосия ҳисоботи муовини якуми раиси ноҳия А.Иброҳимзода шунида шуда, ба шуъбаю бахшҳо, раёсату идораҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту идораҳо, муассисаю хоҷагиҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2022, №91, “Дар бораи Барномаи рушди маҷмуӣ индустриалию аграрии вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2026” дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Ҳамзамон баҳри рафъи камбудию нуқсонҳои ҷойдошта, афзун гардонидани самаранокии истеҳсолот, беҳтар намудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии меҳнаткашони ноҳия масъулини соҳа вазифадор гардиданд. Аз рӯи масъалаи якуми иҷлосия ҳамзамон якчанд вакилон ба музокира баромаданд. Баъд аз баррасии ҳамаи масъалаҳо, иҷлосияи иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум ба охир расид.

4_96.jpg 2_117.jpg  7_67.jpg 

Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.