ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАРИ ИМРӮЗАИ ҶАҲОНӢ МУОСИР

   АНДЕША:Терроризм, экстремизм ин ду калима, ки паҳлӯ ба паҳлӯи ҳам меистанд, тариқи оинаи нилгун, радио, рӯзномаю, мақолаҳо, шабакаҳои интернетӣ имрӯзҳо зиёд вохўрда мешаванд. Терроризм, экстремизм ба яке аз проблемаҳои даҳшатангези глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони имрўзаро ба ташвиш андохта, садди роҳи саодат ва зиндагии шоистаи инсоният гардидааст. Терроризм, кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хафнок гардидааст. Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ, таълиму тарбияи нокифояи, насли наврас метавонад бошад. Дуюм масъалаи ҳалталабе, ки имрӯз миёни ҷавонону насли наврас ва умуман мардуми Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтааст, тамошои филмҳои террористӣ ва экстремистӣ мебошад, ки метавонадба тафаккури мардум бахусус, насли наврасе, ки иродаи заиф ва маърифати нокифояи ҷаҳонбинӣ доранд, зарар расонида, дар дили онҳо шавқу завқро нисбати ин ҷараёни номувофиқ бедор созад. Зеро пас аз тамошои филмҳои террористи шахс ғайр аз куштору тирпарронӣ чизи дигаре омӯхта наметавонад.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар суханрониҳояш дар мулоқот бо аҳли зиё ва ҷавонон пайдо шудани равияҳои динии ғайрисуннатӣ, ҳизбҳои сиёсии хусусияти террористӣ дошта ва ба онҳо шомил гардидани ҷавонон яке аз мушкилоти душвори ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон ҳисобида, пешгирии онро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти дахлдор ва аҳли ҷомеа донистааст.

Барои иҷрои вазифа ва расидан ба мақсади ниҳоии хеш, мо омузгорон, маорифчиён, ҷавонон кормандони васоити умум ва матбуотро зарур аст, ки баҳри тарбияи насли наврас ва ҷавонони бомаърифату хештаншинос, ватандӯсту миллатпарвар тамоми донишу маҳорат ва таҷрибаи худро равона созем. Мо ҳамчун омӯзгор ва тарбиятгари насли ояндаи миллат тамоми неърӯи худро равона созем, ки наврасону ҷавонони мо фирефтаи дасисаю найрангњои ташкилотњои хунхори террористи нагарданд. Итминони комил дорам, ки ҳар як омӯзгору кормандони соҳаи маориф дар тарбияи насли наврас дар ҳамбастагӣ камари ҳиммат баста ба ғамхориҳои Падаронаи Пешвои муаззаму ғамхори миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомлӣ Раҳмон ҷавобан содиқонаю софдилона фаъолият намуда дар таъмини амнияту субот ваҳдату якдигарфаҳми саҳми сазовори худро мегузоранд.

 

Ғуломзода Додарҷон, раиси иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Кӯшониён

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.