НАТИҶАГИРИИ ТАРАҚҚИЁТИ ИҚТИСОДИЁТУ ИҶТИМОИЁТИ ХОҶАГИИ ХАЛҚИ НОҲИЯ, ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2023

    Санаи 10 июли соли 2023, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, таҳти раёсати раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим ва бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту идораҳо, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар фаъолон маҷлиси ҷамъбастӣ тараққиёти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоёти хоҷагии халқи ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2023 баргузор гардид. Тибқи рузномаи маҷлиси ҷамъбастӣ сараввал ҳисоботи муовини аввал ва муовинони раиси ноҳия шунида шуда, сипас пурсиши як қатор роҳбарони ташкилоту идораҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба амал омад. Дар ҳисоботи муовини якуми раиси ноҳия Иброҳимзода Амриддин қайд гардид, ки соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода намуда, ба як қатор дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардидаанд. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия афзуда, 899 миллиону 350 ҳазору 200 сомониро ташкил намудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 71 миллиону 133 ҳазору 600 сомонӣ зиёд буда, 108,6 фоизро ташкил менамояд. Дар нимсолаи аввали соли 2023 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 12 ҳазору 734 тонна ғалладонагиҳо, 19 ҳазору 226 тонна картошка, 90 ҳазору 707 тонна сабзавот, 8 ҳазору 41 тонна полезӣ, 8 ҳазору 487 тонна меваҷот ва 147 тонна ангур истеҳсол карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҳамаи номгуи маҳсулотҳо зиёд истеҳсол гардидааст. Вобаста ба соҳаи иқтисод ва саноат муовини раиси ноҳия Амризода Бадахшон ҳисобот манзур намуда қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ба буҷетӣ маҳаллӣ 32 миллиону 580 ҳазору 104 сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 515 ҳазору 113 сомонӣ зиёд буда, 101,6 фоизи нақшаи муайяншударо ташкил менамояд. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта бошад, 2 миллиону 100 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Айни замон дар ноҳия 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда 158,4 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар ҳисоботи худ муовини раиси ноҳия оид ба соҳаҳои сохтмон, энергетика ва комуналӣ Қаҳҳорзода Нурмаҳмад қайд намуд, ки ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти рақами АП- 174 аз 15 марти соли 2022, оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 252 адад иншоотҳои гуногун ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1 июли соли 2023-юм 57 адади он мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ маблағи барқи истифодашуда 21 миллиону 874 ҳазору 900 сомониро ташкил дода, аз ин дар давраи ҳисоботи 23 миллиону 425 ҳазору 300 сомонӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки 107,1 фоизро ташкил медиҳад. Дар ҳисоботи ҷамъбастии худ, Дилафруз Шукруллозода муовини раиси ноҳия оид ба иҷтимоиёт қайд намуданд, ки дар ноҳия 60 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 58 ҳазору 375 нафар хонандагон таҳсил мекунанд ва 2737 нафар хатмкунандагонро ташкил медиҳанд. Дар назди 37 муассисаи таълимӣ 41 адад Маркази инкишофи кӯдак ташкил карда шудааст, ки дар самти фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ мусоидат менамояд. Тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми кишвар 76 нафар мутахассисони ҷавон ба муассисаҳои таълимии ноҳия фиристода шудаанд, ки ҳоло 70 нафарашон ба ҷойи кор ҳозир шудаанд. Сатҳу сифати таълим солҳои охир беҳтар гардида, аз натиҷаи чоряки чорум ва солонаи дуюм дар муассисаҳои таълимӣ соли таҳсили 2022 – 2023 бармеояд, ки сифати таҳсилот 59,8 фоиз буда, азхудкунии барномаҳои таълимӣ 99,3 фоизро дар бар мегирад. Қайд гардид,ки озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” ва “Тоҷикистон – ватани азизи ман” дар сатҳи ноҳия мувофиқи матлаб гузаронида шуданд, ки доираи васеъи иштирокчиёнро фарогир буданд. Маҳз дар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 780 нафар иштирок карда, 55 нафар бо ба даст овардани ғолибият ба даври сеюми озмун роҳхат гирифтанд. Дар “Квотаи Президентӣ ” аз ноҳия 103 нафар роҳхат гирифта аз ин 22 нафар соҳиби номи донишҷӯй шуданд. Аз шумораи умумии хатмкунандагон 2020 нафарашон ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супориданд, ки 73,8 фоизро ташкил медиҳад. Инчунин, дар даври вилоятии олимпиадаи мактаббачагон хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 166 медал ба даст оварданд, ки нисбати соли гузашта 87 медал зиёд мебошад. дар даври ҷумҳуриявӣ бошад, 51 адад ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд. Дар олимпиадаи байналмилалӣ 19 нафар толибилмон соҳиби медал гардиданд. Муовини раиси ноҳия Сафарбеки Саидбек вобаста соҳаи идеологӣ, дар ҳисоботи худ қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи бахшу шӯъбаҳои идеологӣ дар маҷмӯъ 242 маротиба сӯҳбату вохӯриҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба роҳ монда шудааст. Дар ин давра варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявии фаъолона иштирок намуда, 86 медал ба даст овардаанд, ки аз ин 25 медали тилло, 41 медали нуқра ва 20 медали биринҷӣ мебошад. Баъд аз пурсиши як қатор роҳбарони ташкилоту идораҳо сухан ба Саидзода Раҳим намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Дар суханронии худ Саидзода Раҳим тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияро таҳлил намуда, баҳри ислоҳи камбудию норасоиҳо, иҷроиши саривақтии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, расидан ба дастовардҳои арзанда ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.

2_118.jpg 7_68.jpg 9_48.jpg 

Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 3.5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.