Вохурии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳия

   Санаи 4 сентябри соли 2023, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохурии Шодиён Муҳаммад Султонзода вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳия доир гардид. Ташрифи меҳмони гиромиро раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин хайрамақдам гуфта иброз намуданд, ки тибқи нақшаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқотҳои вакилон бо фаъолон ва аҳли ҷамоматчигӣ баргузор мегарданд. Шодиён Муҳаммад дар суханронии худ, сараввал роҳбарият ва фаъолони ноҳияро бо фарорасии 32-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, сулҳу суботи комилро ба Тоҷикистони азиз таманно намуданд. Қайд гардид, ки бо шарофати Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ба дастовардҳои бузурги меҳнатӣ ноил гардидем. Дар ин муддати начандон дароз, бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Ватани азизамон ба яке аз давлатҳои ободу осуда ва пешрафта мубаддал гардид. Расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ин пеш аз ҳама ормонҳои деринтизори миллӣ мебошанд, ки марҳила ба марҳила иҷро гардида истодаанд, қайд намуд Шодиён Муҳаммад. Ҳамзамон дар мулоқот вобаста ба фаъолияти имрӯзаи парлумони кишвар маълумот пешниҳод намуданд. Тибқи нақша вохуриҳои Шодиён Муҳаммад вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор мегарданд.

2_119.jpg 1_25.jpg 4_98.jpg 

Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.