ВОКУНИШ: Ячейкаҳои хуфтаи террористиву экстремисти фаъолияти худро дар дохили кишварҳои хурду калони ҷаҳони муосир ба таври фаъол ва густурда ба роҳ монда, домани ҷуғрофии худро руз то руз васеъ карда, бо ваҳшоният ва зуроварии махсус дар тафаккури инсонҳо тарсу ваҳм ва дар руҳияи онҳо расидан ба ояндаи босаодатро зери суол бурда истодаанд. Инсоният дар асри 21 бо мушкилотҳои гуногуни олами таббииву кайҳони ва таҳаввулотҳои дигари замони муосир рӯ ба рӯ гардида, муҳимтар аз ҳама дар пешоруйи қатлу куштор ва амалҳои зиддиинсониву зиддимазҳабии гуруҳи дигари одамон қарор гирифтаанд. Кишварҳои амни ҷаҳон тавассути баргузории ҳамоишу конфронсҳои гуногуни сатҳи байналмиллали аз хатарҳои бузурги намояндагони ташкилотҳои террористиву экстремисти ҳушдор дода, халқияту миллатҳои гуногуни кураи сайёраро ба мубориза ва муқовимат даъват карда, барои дар амон нигоҳ доштани ҷони инсонҳо ва ҳифзи арзишҳои давлативу суннати талош варзиданро рукни асосии сиёсати пешгирифтаи худ дар вазъияти мураккабу пурпечутоби ҳарлаҳза тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза меҳисобанд.
Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллатамон ҳамчун кишвари сулхоҳ, ва инсонпарвар эътироф гардида, принсипҳои бо ҳаёти ҷомеаи байналмиллали баробарро тибқи меъёрҳои демократи бо назардошти ҳимояи манфиатҳои миллату давлат ва таъмини амну суботи дохили ба роҳ монда, дар мубориза бо ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву иртиҷоӣ, ки ба сохти конститутсионии давлат халал ва ба ҳаёти шаҳрвандонаш зарар мерасонанд, дар байни созмонҳои баландпояи мухталифи ҷаҳон ҳамчун узви фаъол ва пешоҳанг муаррифӣ мегардад. Фарзандони содиқи Ватан дар бахшу сохторҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар кору пайкори софдилона анҷом дода, дар раванди таҳдиду хатарҳои ҷаҳон аҳлона сарҷамъ ва муттаҳид гардида, барои ҳифзи амну суботи сартосарии марзу буми сарзамини аҷдоди ҷавонмардона саф кашидаанд! Маълум аст, ки намояндагони ташкилотхои Паймони миллӣ ва “Гуруҳи 24”, ки фаъолияти хешро дар хориҷи кишвар ба роҳ монда, ҳаёти осоиштаи сокинони мамлакатамонро ноором ва ҷавонону шаҳрвандони ноогоҳро ба доми худ меоранд, ҳадафҳои барномавиашон амали намегардад! Халкҳои Тоҷикистон ҳамчун шаҳрвандони як давлат тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи Истиқлолияти давлати, таъмини оромиву суботи томи ҷомеа ва ҳифзи сарҳадоти кишвар шабонарӯзи бедор ва омода мебошанд.
Д.Шукруллозода, муовини раиси ноҳияи Кӯшониён