АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ КӮШОНИЁН: ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ, ДАР НОҲИЯ

      28 декабри соли 2023, дар толори маҷлигоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки раиси ноҳия, муовинони раис, кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарон ва кормандони ташкилоту идораҳои ноҳия Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки тавассути ҳама шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ мустақиман пахш гардид, дастаҷамъона тамошо карданд. Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, амнияту субот, роҳу нақлиёт, энергетика, рушди илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошанд. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронӣ таъкид карданд, ки мо бояд аз истиқлолу озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона намоем. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати барномавӣ буда, дар он самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодӣ, ичтимоӣ, фарҳангӣ, ва ҳуқуқии мамлкат ҷиддӣ таҳлил гардида, роҳҳои ба мақсад мувофиқи рушду тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол барои оянда мушаххасан нишон дода шудаанд.

4_99.jpg 5_88.jpg 

Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.