ҶАВОНОН ОЯНДАСОЗИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ ВАТАН МЕБОШАНД

“Ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди ояндаи нек мекунад”.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

АНДЕША: Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷумлаи давлатҳои ҷавони рӯ ба инкишоф аст ва аксарияти аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ҳамин лиҳоз метавон гуфт, ки ояндаи Ватани мо бо нерӯи созандаи насли навраси мамлакат боз ҳам ободу зебо хоҳад шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндасози давлату миллатанд. Воқеан дуруст аст, зеро ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст. Ҷавонон муаррификунандаи давлату кишваранд. Ҷавонон ояндасози имрӯзу фардои ватананд ва мамлакатро бе ҷавонон тасаввур кардан нашояд. Тоҷикистонро кишвари ҷавонон мегӯянд, зеро шумораи бештари аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил мекунад. Тоҷикистон тавассути ҷавонони созандаю ободкори худ рушд мекунад ва солҳои минбаъда ба як давлати мутараққию пешрафтаи ҷаҳон табдил хоҳад ёфт. Ҷавонон тавассути донишу қобилият ва зӯру бозӯи худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, парчамбардори меҳан мешаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ чунин гуфтанд: Олимони ҷавонро тарбия кунед. Ҳамаи озмунҳоеро, ки ман ташкил кардам, ҳадафаш ҳамин аст. Гулчин кунед, гиред, тарбия кунед. Фақат як коғаз надиҳем. Ақл диҳем, дониш диҳем, касбу ҳунар диҳем". Инчунин омӯхтани забонҳои хориҷиро вазифаи асосӣ қарор дода, омӯхтани ду забонҳои хориҷиро ҳатмиву зарур шумориданд ва чунин қайд карданд: "Дар оянда ба Парламент депутатҳое интихоб мешаванд, ки ду забони хориҷиро мисли забони модарии худашон медонанд".

Ҳаминтариқ Пешвои миллат кишвари моро ҷавонтарин кишвар дониста, ҷавононро ояндаи дурахшони миллат шумориданд ва ҷавононро аҳсану офарин хонданд ва дар паёми худ чунин зикр карданд:

"Ҷавонони мо имрӯз ба ҳама кор қодир ҳастанд!"

        Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд.

Бо дастгирии Пешвои миллат, , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи тозае дар таърихи навин боз шудааст, ки он 23-юми май Рӯзи ҷавонон мебошад. Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон натанҳо шодию хурсандӣ ва тарабу фараҳмандист, балки натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ватан кӯмаку ҳамдастии гурӯҳҳо ва табақаҳои мухталифи насли ҷавон аст. Ба ин маънӣ кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу нерӯи созандаи мо, ҷавонон, умед бастааст.

    Имрӯз мо шукрона мекунем, ки миллати мо соҳиби Истиқлолият аст ва таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои худ бо қадамҳои устувору боварибахш дар роҳи пешрафту тараққиёт қадам зада истодааст. Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии халқи Тоҷикистон шаҳодати бараълои он аст, ки мо миллати созанда ҳастем ва метавонем, ки бо қувваю иродаи мустаҳками худ Ватани маҳбубамонро дар байни ҳама кишварҳои дунё ба таври шоиста муаррифӣ намоем. Мо ҷавононро зарур аст, ки дар пайрави аз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тараққиву таҷаллии Ватани маҳбубамон қуввату дармони худро дареғ надошта, доимо дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлат ва миллатамон омода бошемр

Шукронаи Маҳмадализода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кӯшониён

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.