«ПАЁМ-САНАДИ МУҲИМИ СТРАТЕГӢ” Кӯшониён:ВОХӮРИИ ВАКИЛОН БО ФАЪОЛОНИ НОҲИЯ

         Санаи 27 январи соли 2024, бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки санаи 28 декабри соли 2023 баргузор гардида буд ва дар асоси нақша-чорабиниҳои Маҷдиси намояндагони Маҷлиси олии кишвар, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳия, таҳти раёсати раиси ноҳия вохурии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии кишвар Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шодиён Муҳаммад Султон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Кӯшониён №27” ва Маҷидзода Сарвиноз Комил вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳия баргузор гардид. Сараввал раиси ноҳия ташрифи меҳмонони гиромиро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, мақсад аз ҷамъомадро баён намуданд. Сипас, сухан ба Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба вакилон Шодиён Муҳаммад Султон, Маҷидзода Сарвиноз Комил дода шуд. Меҳмонон, вобаста нуқтаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат ибрози ақида намуда, ҳар як нуқтаи онро шаҳр доданд. Қайд гардид, ки Паёми навбатӣ оид ба ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, комуникатсия, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии басуръати кишвар баррасӣ гардида, вазифаҳои мушаххас пешниҳод карда шуданд. Ёдовар гашт, ки вохуриҳои вакилон бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот доир мегарданд.

2_123.jpg 12_52.jpg 

Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

 

Миёна: 3.5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.