«ИНТИХОБОТ 2025» КӮШОНИЁН: СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ВОБАСТА БА ИНТИХОБОТ

     Санаи 12 декабри соли 2024, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии таҳти роҳбарии Махфират Хидирзода Умар узви Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдураҳим Улфатзода коршинос, Қодиров Некруз коршинос ва бо иштироки раисон, муовинон, котибон ва аъзои комиссияи ҳавзавӣ, комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва комиссияҳои интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Мақсади асосии баргузории семинари омӯзишӣ баланд бардоштани малакаи корбарии аъзои комиссияҳои интихоботӣ, фаҳмонидани мазмуну муҳтавои қонунҳои конститутсионӣ дар бораи интихобот, дастурамалҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҷараёни омодагиҳо ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти комиссияҳои поёнии интихобот мебошад.

Комиссияҳои интихоботӣ бояд ваколатҳои худро қатъиян дар асоси талаботи қонунгузории интихоботӣ ба роҳ монда, барои сари вақт омода намудани ҳуҷҷатҳои интихоботӣ, ба итмом расонидани маъракаи барӯйхатгирии интихобкунандагон, дастрас гардонидани хабарномаҳо дар бораи вақт ва ҷойи овоздиҳӣ, мавод оид ба тартиби иштирок дар интихобот ва тарзи нави овоздиҳӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

2_130.jpg 

Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.