
ВОХУРИИ КОРМАНДОНИ КУМИТАИ ДИН БО НАМОЯНДАГОНИ ДИНИ НОҲИЯ ВА РАИСОНИ МАҲАЛ
Чанде пеш тибқи нақшаи Кумитаи динӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Заргар бо иштироки Сафарбекзода Саидбек муовини раиси ноҳия, Юсуфзода Файзигул мудири бахши таҳсилоти дини Кумита, Чилахонзода Раҷабалӣ сармутахассиси Раёсати танзими ҷашну маросими Кумита, Сафаров Умарҷон сармутахассиси шуъбаи динӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва бо иштироки кормандони дини ноҳия ва ба ҷамоатҳо, имомхатибони масчидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, раисони маҳал вохӯри баргузор гардид. Сараввал муовини раиси ноҳия ташрифи меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, мақсад аз баргузории вохуриро баён намуда, суханро ба меҳмонон пешниҳод намуданд.
Юсуфзода Файзигул мудири бахши таҳсилоти динӣ Кумита дар суханронии худ қайд намуданд, ки ваъзи мураккаби имрӯзаи ҷаҳон, ки пур аз ақидаҳои ифродтгароӣ, тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд.Ҷомеаи имрӯзаи моро равияҳои номатлубе фаро гирифтааст, ки ба зеҳну андешаи ҷавонон бетаъсир нест. Маълум аст, ки хатарноктарин зуҳуроти ҷомеаи муосир терроризму экстремизм аст ва онро вабои аср мехонанд. Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез «Терроризм ва ифротгароии хушунатомез (экстремизм) тули солҳои охир боиси нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишварҳои алоҳида, ниҳодњои байналмиллалӣ ва минтақавӣ гардидааст. Амалҳои террористӣ ва фаъолияти экстремистӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам боиси бо ҳам задании низомҳои сиёсӣ, амнияту суботи мардум, куштори аҳолии осоишта, аз ҷумла занону кӯдакон гардидаву рушди минбаъдаи кишварҳоро ба даҳсолаҳо ақиб андохтааст.» Ин амалҳо собит месозанд, ки терроризм ҳамаи арзишҳои маънавӣ ва инсониро сарфи назар месозад. Чилахонзода Раҷабалӣ сармутахассиси Раёсати танзими ҷашну маросими Кумита дар суханронии хеш иброз намуд, ки мисоли равшани чунин созмону ҳаракатҳои барои фазои анъанавии динии Тоҷикистон бегона, ҳизби таҳрир ва Салафия мебошанд, ки дар даҳсолаҳои нахустини замони истиқлолият ба ин ё он роҳ ба кишвари мо ворид шуда, набзи ҳаёти динию сиёсии кишварамонро халалдор мекарданд. Умуман, таҳти мафҳуми «Созмон ё ҳаракатҳои исломӣ» қувваҳои гуногунро фаҳмидан мумкин аст. Бархе аз чунин созмонҳо ва ҳаракатҳо хусусияти экстремистӣ дошта, фаъолияти онҳо дар аксарияти кишварҳои исломӣ мамнӯъ мебошад.
Таърих дар тӯли солњои зиёд исбот намудааст, ки заррае ғофил мондан аз кирдору хиёнаткории афроде, ҷавоб нагардонидан ва ё пешгирӣ накардани ҳодиса ва ё раванди манфие метавонад ҷомеаро ноором созаду ба вартаи ҷангу хунрезӣ кашида, қаламрави кишварро ба тақсимшавӣ оварда расонад ва заминаҳои ташвиқу тарғиби бегонапарастиву зидди миллиро ба вуҷуд оварад.
Боиси нигаронист, ки қисмате аз ҳамватанони мо нисбат ба арзишҳои миллию давлатӣ мавқеи бетарафӣ ва бегонапарастиро ихтиёр намудаанд. Ин амал, ба раванди муттаҳидӣ ва якпорчагии кишвари азизамон монеа ба вуҷуд оварда, ба миллат ва давлати соҳибистиқлоли мо хатарҳо эҷод мекунад. Пас моро зарур аст, ки пайваста суханони Пешвои миллатро дарк намуда, ба ҷавонон талқин намоем. Пешвои миллат гуфта буд, ки: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад”.
Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои “ватандўстӣ” ва “рушд” - ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем. Дар охир, бояд зикр намуд, ки танҳо иттиҳоди мустаҳками тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон, мардуми ватандӯсту ҳушёр чӣ дар деҳаву чӣ дар шаҳр метавонанд, садди роҳи вабои қарни ХХI гардида, башариятро аз падидаҳои ифротгароию терроризми байналмилалӣ наҷот диҳанд. Дар рафти вохӯри ҳамзамон масъалаҳо вобаста ба риояи талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияи динӣ”, “Дар бораи танзиму ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои муссаллаҳ, корҳои ободонию созандагӣ, пешгирии хурофот ва бегонапарастӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён