КӮШОНИЁН: ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ФАЪОЛОН ВА АҲЛИ ҶАМОАТЧИГИИ НОҲИЯ

      Имрӯз 15 марти соли 2025, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳия Сафарбекзода Сайидбек ва Давлатшо Маҳмудов омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзӯи: "Ҳаракати босмачигарӣ ва нахустин пайдоиши ифрогаройи" бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия вохӯрии судманд баргузор гардид. Нахуст муовини раиси ноҳия ташрифи меҳмони гиромиро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, мақсад аз баргузории ҷамъомадро баён намуданд. Дар суханронии худ Д.Маҳмудов қайд намуданд, ки ваъзи мураккаби имрӯзаи ҷаҳон, ки пур аз ақидаҳои ифродтгароӣ, тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Маънои аслии «экстремизм» чист ва он чӣ гуна падида аст? Экстремизм (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст. Ҷомеаи имрӯзаи моро равияҳои номатлубе фаро гирифтааст, ки ба зеҳну андешаи ҷавонон бетаъсир нест. Маълум аст, ки хатарноктарин зуҳуроти ҷомеаи муосир терроризму экстремизм аст ва онро вабои аср мехонанд. Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез «Терроризм ва ифротгароии хушунатомез (экстремизм) тули солҳои охир боиси нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишварҳои алоҳида, ниҳодњои байналмиллалӣ ва минтақавӣ гардидааст. Амалҳои террористӣ ва фаъолияти экстремистӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам боиси бо ҳам задании низомҳои сиёсӣ, амнияту суботи мардум, куштори аҳолии осоишта, аз ҷумла занону кӯдакон гардидаву рушди минбаъдаи кишварҳоро ба даҳсолаҳо ақиб андохтааст.» Ин амалҳо собит месозанд, ки терроризм ҳамаи арзишҳои маънавӣ ва инсониро сарфи назар месозад. Қайд гардид, ки мисоли равшани чунин созмону ҳаракатҳои барои фазои анъанавии динии Тоҷикистон бегона, ҳизби таҳрир ва Салафия мебошанд, ки дар даҳсолаҳои нахустини замони истиқлолият ба ин ё он роҳ ба кишвари мо ворид шуда, набзи ҳаёти динию сиёсии кишварамонро халалдор мекарданд. Умуман, таҳти мафҳуми «Созмон ё ҳаракатҳои исломӣ» қувваҳои гуногунро фаҳмидан мумкин аст. Бархе аз чунин созмонҳо ва ҳаракатҳо хусусияти экстремистӣ дошта, фаъолияти онҳо дар аксарияти кишварҳои исломӣ мамнӯъ мебошад.

Таърих дар тӯли солҳои зиёд исбот намудааст, ки заррае ғофил мондан аз кирдору хиёнаткории афроде, ҷавоб нагардонидан ва ё пешгирӣ накардани ҳодиса ва ё раванди манфие метавонад ҷомеаро ноором созаду ба вартаи ҷангу хунрезӣ кашида, қаламрави кишварро ба тақсимшавӣ оварда расонад ва заминаҳои ташвиқу тарғиби бегонапарастиву зидди миллиро ба вуҷуд оварад.

Боиси нигаронист, ки қисмате аз ҳамватанони мо нисбат ба арзишҳои миллию давлатӣ мавқеи бетарафӣ ва бегонапарастиро ихтиёр намудаанд. Ин амал, ба раванди муттаҳидӣ ва якпорчагии кишвари азизамон монеа ба вуҷуд оварда, ба миллат ва давлати соҳибистиқлоли мо хатарҳо эҷод мекунад. Пас моро зарур аст, ки пайваста суханони Пешвои миллатро дарк намуда, ба ҷавонон талқин намоем. Пешвои миллат гуфта буд, ки: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад”.

Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои “ватандӯстӣ” ва “рушд” - ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем. Дар охир, бояд зикр намуд, ки танҳо иттиҳоди мустаҳками тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон, мардуми ватандӯсту ҳушёр чӣ дар деҳаву чӣ дар шаҳр метавонанд, садди роҳи вабои қарни ХХI гардида, башариятро аз падидаҳои ифротгароию терроризми байналмилалӣ наҷот диҳанд. Дар рафти вохӯри ҳамзамон масъалаҳо вобаста ба риояи талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияи динӣ”, “Дар бораи танзиму ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, пешгирии фурӯши одамон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои муссаллаҳ, корҳои ободонию созандагӣ, пешгирии хурофот ва бегонапарастӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

2_135.jpg 4_104.jpg 

Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.