Амалҳои террористӣ хатар ба ҷони инсонҳост

     Вокуниш: Фаъолшавии ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ яке аз таҳдидҳои замони муосир ба ҳуқуқҳои инсонӣ, чӣ хусусӣ иқтисодӣ, сиёсӣ, молу мулкӣ, фарҳангӣ ва гайра мебошад. Бубинед, ки чунин ташкилотҳои номатлуб фазои иттилоотиро аз худ карда, ҳамчун манбаи таҳдид ба ҷомеаҳо таъсир мерасонанд. Терроризм, экстремизм, радикализм, мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, кибертероризм, амнияти иттилоотӣ ва ғайра аз ҷумлаи серистеъмолтарин мафҳумҳое ҳастанд, ки дар хабарҳои иттилоотии сайтҳои интернетӣ, мақолаҳои публисистии рӯзномаву маҷаллаҳо ва мақола ва асарҳои илмии коршиносони соҳа ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии қонунҳои кишварҳо имрӯзҳо истифода мешаванд. Чунин ба назар мерасад, ки ин мафҳумҳо ва амалҳои вобаста ба он, ба яке аз масъалаҳои муҳимми ҷомеаи имрӯза ба шумор рафта, сабабҳои объективии худро дорад. Дар баъзе фарҳангҳои сиёсӣ чунин омадааст, ки «Радикализм маҷмӯи ақидаҳо ва амали ҷамъиятию сиёсиест, ки ба тағйири қатъии тартиботи мавҷуда нигаронида шудааст, ки дар давраи буҳронӣ, давраи гузариши таърихӣ ба таври намоён зуҳур меёбад». Дар ин таъриф як мафҳум вуҷуд дорад, ки он «тағйироти қатъӣ дар тартиботи мавҷуда» мебошад, ки дар моҳияти ҳамин се падида-радикализм, экстремизм ва терроризм дида мешавад.

Дар ҳақиқат терроризм ба як мушкили глобалӣ, «таҳдид ба ҷаҳон» табдил ёфта аст. Амалҳои террористӣ, ки дар ин ва ё он минтақаи ҷаҳон амалӣ мегарданд, таҳдиду хатар ба ҷони инсонҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Чунки ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди ин зуҳурот яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҳокимиятҳои давлатӣ бо мақсади ҳифзи амнияти миллии кишварҳо ва ҳуқуқи инсон мебошад. Экстремизм ва терроризм аз хатарноктарин мушкилоти ҷаҳони муосир ба шумор рафта, мутаассифона, кишваре нест, ки дар он одамон аз зуҳуроти онҳо азоб накашанд. Афзоиши ҷиноятҳо дар ҷомеа боиси нигаронии ҷомеа гардида, ба давлат зарари калон мерасонад. Шубҳае нест, ки ҷиноятҳои ифротгароӣ ва террористӣ ба амнияти миллии кишвар, сохти конститутсионӣ, равандҳои иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии он таҳдид намуда, дар баробари ин, барои татбиқи ҳуқуқҳои инсон аз ҳама муҳим таҳдид мекунанд.

Собиров Далер, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

 

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.