НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР РУШДИ ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТИ ВА ҲУҚУҚБУНЁД

       Андеша: Дар дарозои таърих миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангини он гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Таърих гувоҳ аст, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тули қарнҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардааст.Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рӯдакиву ҳаким Фирдавсӣ, Абуалӣ Синову Носири Хисрав, Умари Хайёму Имом Ғазолӣ, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлоно Ҷомиву Сайидо барин садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд.Даврони соҳибистиқлолӣ барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлол барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.Бешак қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон далели ин гуфтаҳост. Конститутсия дар баробари шаҳодатномаи миллати Тоҷикистон будан, инчунин асосҳои сохти конститутсионӣ, унсурҳо ва принсипҳои асосии давлату давлатдории тоҷиконро муайян намуда, ба рушду таҳкими ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат шароити заруриро фароҳам меорад.Дар муқаддимаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст: «Мо халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин конститутсияро қабул ва эълон менамоем».Дар моддаи якуми Конститутсия омадааст, ки: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад». Ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба халқ тааллуқ дорад. Тибқи моддаи 9-уми он ва моддаи 3-юми Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар мамлакат тавассути мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амали мегардад. Аз номи халқ Маҷлиси Олӣ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта метавонанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 7 сол интихоб шуда, дар айни ҳол сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (ҳукумат) мебошад.Аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад фармони худро ба маҷлиси Олӣ (органи олии қонунбарор) барои тасдиқ пешниҳод намуда, сарвазир ва дигар аъзоҳои ҳукуматро таъйин намояд.Мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ буда, ба муддати 5 - сол интихоб мегардад. Соли 1995 ба Маҷлиси Олӣ 181 нафар вакилон интихоб гардиданд. Маҷлиси Олӣ қонун қабул мекунад, буҷаи давлатиро баррасӣ намуда, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва муҳлати райпурсиро муайян менамояд. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду палата: Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.Хулоса, боиси ифтихор аст, ки Конститутсия дастгиру роҳнамои мардуми Тоҷикистон гардид. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки барои ҳифзи Ватан, сулҳу амният, оромию осоиштагӣ зидди он қувваҳое, ки алайҳи давлату Конститутсияи мо мебошанд, қатъӣ мубориза бурда, зиракии сиёсиро аз даст надода, мамлакатамонро ҳифз намоем.Зеро, чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Равандҳои босуръат идома ёфтаистодаи ҷаҳонишавӣ, хатарҳои иқтисодиву сиёсӣ ва экологӣ моро ҳушдор медиҳад, ки ба хотири ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва амнияти он, инчунин дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ кардани давлату миллати худ, пеш аз ҳама, ба ақлу дониш ва фарҳангу тафаккури созанда бояд такя намоем».

Сатторова М-мудири шуъбаи таблиғот ва иттиллооти КИ ҲХДТ дар н.Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.