ҶАЛАСАИ ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

        Санаи 19 январи соли 2026, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати омодагиҳо ба даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ”, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти Раёсати раиси ноҳия Холзода Муҳамадшариф ва бо иштироки муовинони раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаю бахшҳо, раисони маҳал ва имомхатибони муассисаҳои динии ноҳия ҷаласаи корӣ доир гардид.  Нахуст, вобаста омодагиҳо ба даъвати ҳарбӣ ахбороти комиссари ҳарбии ноҳия шунида шуда, сипас аз тарафи роҳбарияти ноҳия пурсиши масъулини даъват ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кормандони мизи ҳарбӣ карда шуд. Баҳри бо сифат ва дар муҳлатҳои муайянгардида иҷрои намудани даъвати баҳорӣ аз тарафи роҳбарияти тамоми фаъолон ва аҳли ҷамоатчигӣ вазифадор гардида, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо муҳлат дода шуд.

3_141.jpg 2_138.jpg 

«Кӯшониён»

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.