Дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

Дар ҳамкорӣ бо мақомоти милиса ва амният   ҷиҳати ба Ватан баргардонидани ҷавононе,ки ба таълимоти ғайрирасмӣ фаро гирифта шуда буданд, дар 5 моҳи соли 2018 ду нафар шаҳрвандони ноҳия Сайдаҳмадов Абдулҳамид Абдуллоевич, соли таваллудаш 1982, сокини деҳаи Гулзори ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол рӯзи 5 феврали соли 2018 ва Имомов Дилшодбек Ҷонибекович ,соли таваллудаш 1981, сокини деҳаи Махсумободи ҷамоати шаҳраки Бохтариён  рӯзи 5 июни соли 2018 , ба Тоҷикистон бозгашт намуданд.

      Имомов Дилшодбек Ҷонибекович соли таваллудаш 1981, ҷавони 37 сола буда, ҳанӯз дар соли 2005 аз шаҳри  Челябинский ФР ба давлати Миср бо нияти гирифтани таҳсилоти динӣ сафар карда, дар он ҷо зиндагӣ ихтиёр мекунад. Соли 2009 ба Ватан баргашта ,худи ҳамон сол дубора бо ҳамроҳии оилааш Имомова Инобат ба давлати Миср мераванд. Дигарбора соли 2012 ба Тоҷикистон меоянд ва боз ба давлати Миср баргашта, айни замон ба корҳои тиҷоратӣ машғул буда, дар ин давлат рӯз мегузаронанд. Дар суҳбат маълум гардид, ки Имомов Дилшодбек мактаби миёнаро ба пуррагӣ нахондааст. Ҳамагӣ то синфи 4 хонда, баъдан мактабро  дар синни 11 солагӣ бо сабаби сар задани ҷанги шаҳрвандӣ  тарк карда, ба корҳои хоҷагидории хона машғул будааст. Волидайни Дилшодбек баъди ба эътидол омадани вазъи сиёсии Тоҷикистон кушиши дубора ба мактаб фаро гирифтани писарашро накардааст. Дилшодбек аз хамаи  барномаҳои таълимии фанҳои замони муосир дур монда, бо надоштани саводи кофӣ соли 2005 ба муҳоҷират ва аз он ҷо ба давлати Миср барои таҳсил дар мактабҳои олии динӣ сафар мекунад.

Айни замон , Имомов Дилшодбек ва Сайдаҳмадов Абдулҳамид дар назди падару модар ва хешу  бародарон қарор доранд.

Миёна: 5 (7 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.