Зинда бод Ваҳдати ҷовидонаи миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон!

Рӯзи 27 июни соли 2018 ба муносибати 21 солагии рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ  дар ноҳияи Кӯшониён чорабинии калони оммавӣ-фарҳангӣ доир карда шуд. Чорабинии бошукӯҳ аз ду қисмати калон иборат буд:

 20180627_074612-1.jpgҚисмати якум ҳамоиши ҳунармандони мардумӣ ва намоиши маҳсулотҳои нониро ташкил мекард. Дар намоиши калони ҳунармандон тамоми хунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок карда, маҳсулоти омода кардаи худро ба тамошо ва ба фурӯш бароварданд.  Кори дастии босифат тайёр кардашуда аз тарафи роҳбарияти ноҳия баҳои баланд гирифт. Роҳбарияти ноҳия тасмим гирифтааст,ки дар рӯзҳои наздик маркази фуруши маҳсулоти ҳунармандонро таъсис дода, ба ин васила дар рушди корҳои хонагӣ мусоидат менамояд.

Қисмати дуввуми чорабинӣ ин ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба рӯзи таҷлили Ваҳдати миллӣ ва табрикоти раиси ноҳияро дар бар гирифт. Роҳбари нохия бори дигар аҳамияти муҳими Ваҳдати миллиро таъкид кардан два асоси рушду нумуъ ва ҳастии давлату миллатро аз бақои Ваҳдати миллӣ донистанд. Мардумро ба сарҷамъӣ ва муттаҳиддӣ даъват карданд.

20180627_080505-4.jpgБарномаи фарҳангӣ ба тамоми мардуми ноҳия таҳти унвони «Ваҳдати миллии мо –саодати рӯзгори мост!» пешниҳод карда шуд. Дар кори чорабинӣ беш аз 5000 нафар ҷавонони касбу кори гуногун ва хонандагони синфҳои 10-11 фаро гирифта шуданд. Занони ноҳия дар ташкили кори намоиши нонҳо саҳм гузошта, мукаддас будани нонро ба наврасону ҷавонон бори дигар таъкид карданд. Сулҳу амонӣ нишони сериву пурии дастархони хонадони мардуми Тоҷикистон аст. Ваҳдати мо бо қиммати ҷони ҳазорҳо ҷавонписарони Тоҷикистон ба даст омадааст, мо инро хуб дар мағзу устухони хеш эҳсос кардаем ва онро чун гаҳвараки чашм эҳтиёт ва ҳифз менамоем. 27.06.2018.

20180627_080321-3.jpg20180627_080305-2.jpg

Миёна: 5 (6 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.