Рӯзи 6 июли соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди нашъамандӣ баргузор гардид. Ҷаласа таҳти роҳбарии раиси Шӯро Д.Шукруллозода ва бо иштироки тамоми аъзоёни Шӯро баргузор гардид. Дар кори Ҷаласаи Шӯро ҳисоботҳои котиби Шӯро оид ба амалишаваии рафти иҷрои Фармони Президенти ҶТ аз 13 феврали соли 2013, №1409 «Дар бораи Стратегияи миллии мубориза маводи мухадир дар ҶТ барои солҳои 2013-2020» дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия Б.Изатулозода ва муовини сардори ШВКД дар ноҳия Р.Пиров шунида шуд. Дар фарҷоми ҷаласа ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.