Тариқи шабакаҳои интернетӣ сабти видеоии ҳамоиши ташкилкардаи собиқ роҳбари Ташкилоти Экстремистӣ Террористии ҲНИТ Кабириро дар шаҳри Дортмунд пахш кардаанд. Нишасти навбатии Кабирӣ дар яке аз шаҳрҳои дури давлати хориҷӣ сурат гирифта, дар боби сулҳи Тоҷикистони маҳбуби мо сухан ронда, онро маҳсули заҳмати намояндагони гуруҳи собиқ оппозитсияи Тоҷикистон меҳисобад. Дар ин роҳи пешгирифта ва сухани гуфташуда иштибоҳи Кабирӣ дафъатан намудор мегардад. Ғояи бегонапарварӣ дар шуури кабириҳо ҳифз шуда, ҳеҷ таҳаммул карда наметавонанд, ки аз Ватан ронда шуда, дар гурезагӣ шармандавор зиндагӣ доранд. Мо хуб дарк кардаем, ки аз хиёнатҳои ба амал баровардааш мардуми Тоҷикистон ба гирдоби даҳшатбори ҷанг гирифтор шуда, ҳазорҳо тифлакон бепадар, занҳо бешаҳвар, модарон беписар монда, нолаву фарёди ҷонкоҳонаашон гўши фалакро даридааст. Вале боз , чун нафарони носолими ақлбохта бо овози баланд шарм надошта , ҳаммаслакони террористашро дар шаҳри бегонаи барояшон ноошно «қаҳрамонони миллӣ шумоед» мегўяд. Дар роҳи сулҳсозӣ ва ваҳдатофарӣ ҷонҳои бохтаи садҳо ҳазорҳо ҷавонмардони Тоҷикистонро , ки маҳз бо шумии кабириҳо ба вуқўъ омадааст , нодида гирифтану лабханд заданашон бенангӣ ва бешарафии онҳоро дарак медиҳад. Барои мо беному нишон гумшудайӣ Кабирӣ , беватан ҳастӣ ва беватан аз дунё меравӣ ! Тоҷикистон ва Сулҳи он аз они ту нест ! Тоҷикистон аз они фарзандони мардуми бонангу ори Тоҷикистон аст !
Шукри Худованд, давроне бароямон даст додааст,ки дар он гуруҳ ва ё ташкилоти характери оппозитсионӣ дошта,дигар вуҷуд надорад. Зеро ҳоли парешону рўзгори ноором ,ки бо дасисабозиҳои кабириҳо замоне бароямон насиб гардида буд, фаромўш ношуданист ва нобахшиданист ! Мардуми кишвар сулҳи 21 соларо чун гавҳраки чашм ҳифз менамояд ! Ин сулҳ самараи сарҷамъиву муттаҳидии мардумони Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аст ! Зинда бод , Сулҳи Тоҷикистон, Зиҳӣ Президенти мамлакат !!!.
Дилафрўз. 18 .07.2018