
Рӯзи 13 августи соли равон боз як нафар шаҳрванди ноҳия истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Навбаҳор, Аъзамова Ҳанифа бо фарзандони ноболиғаш аз хориҷи кишвар давлати Миср баргашт. Ӯро бо шавҳараш ва падару модараш раиси ноҳия қабул намуда, сӯҳбати самимӣ гузаронида шуд. Сабаби дер баргаштанашро шаҳрванд, дар омодагии ҳуҷҷатҳои ноболиғаш арзёбӣ намуд. Аз тарафи раиси ноҳия ба масъулин супориш дода шуд, ки оид бо ҷои кор таъмин намудан ва дигар мушкилоти ин шаҳрванд хабардор гашта, аз шароиту имкониятҳои мавҷуда кӯмак расонида шавад.