
Ба хотири осудагии Тоҷикистони азизамон, ба хотири таъмини амнияти сартосарӣ ва суботи сиёсӣ, баргардонидани ҷавонони дар хориҷи кишвар ба таълимоти ғайрирасмӣ қарор дошта, вазифаи ҳамешагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии нохияи Кӯшониён мебошад. Бо дастури ҳамешагии Роҳбари давлат, Пешвои миллатамон, ки саркору раҳбари мо дар давлатсозиву ҷомесозии даврони кунунӣ мебошад ва Мо аз он ифтихорманду сарбаландем, корҳои мутташакилонаи сарҷамъона ҷиҳати баргардонидани ин гуруҳ ҷавонон дар минтақаҳои кишвари маҳбубамон нақшаи чорабиниҳо таҳрезӣ карда шуда, он содиқона амалӣ гардида истодааст. Рӯзи 6 августи соли 2018 як нафар ҷавон, сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатобод Саймахмедов Давлатшоҳ баъди 10 соли дур аз Ватан будан ба ноҳия, ба назди аҳли оила баргашт. Худи ҳамон рӯз бо раиси ноҳия вохӯрӣ доир карда, барои бо падару модараш доимӣ будану дар хизмати волидайн дар ҳамешагӣ мондан, суҳбат намуданд. Давлатшоҳ ҷавони 26 сола буда, ҳанӯз дар синни 17 солагӣ ба кишвари хориҷии Миср раҳсипор гардида, ба таълимоти ғайрирасмӣ оғоз менамояд. Бо таъкиди ҳамешагии гуруҳи таблиғотӣ тавассути модараш Саймахмедова Баргигул ба ватан баргардонида мешавад. Айни замон, бо ҳамроҳии модараш ба корҳои хочагидорӣ ва наздиҳавлигӣ машғул буда, мақсади барпо кардани оиларо дорад.
Дар ин самт гуруҳхои таблиғотӣ зери роҳбарии раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор корро ҷиддӣ ба даст гирифта, барои бозгашти софдилонаи онҳо аз тамоми имкониятҳои дар даст дошта истифода мебаранд.
Зинда бод, сулҳу амнияти сартосарии Ватани маҳбубамон, зери роҳбарии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Шукруллозода Дилафрӯз