Баҳри пешгири намудани ҷавонону наврасонро аз ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои тундравӣ террористию экстремистӣ ва маҳкум намудани амалҳои номатлуби ҷавононе, ки ба саёҳони хориҷӣ анҷом доданд, ҳамоиши васеи ҷавонону наврасон дар ноҳия Кӯшониён баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур раиси ноҳияи Кӯшониён Ҷаббори Ғаффор, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо, муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират, мудири шуъбаи оид ба корҳои дин, танзим анъана ва ҷашну маросимҳои милли мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Ҳатлон, Сафарбек Шарифзода, намояндаи раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш дар вилояти Хатлон ва дигар намояндагон иштирок карда, доир ба хавфу хатари терроризму экстремизм, ки ин намуд афрод бо амалҳои номатлубашон ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлуқа андохтааст ва Тоҷикистони моро низ бетаъсир нагузоштааст, фикру андешаҳои хешро баён намуданд.
Раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор, қайд карданд, ки имрӯзҳо барои ноором сохтани вазъи сиёсии кишварамон нафароне пайдо мешаванд, ки барои дарёфти маблағи ночизе баъзе ҷавонону наврасони кӯтоҳандешаро фирефтаи найрангҳои худ қарор дода, ба ҳаргуна ҳизбу ҳаркатҳои тундравӣ терроризму экстремизм шомил мекунанд. Боиси таассуф аст, ки чунин афроди нопок ба хотири манфиатҳои хеш тибқи дастуру супоришҳои хоҷагони зархаридашон амалҳои террористиро ба анҷом мерасонанд. Чунин амалҳои номатлубе, ки дар ноҳияи Данғара ба анҷом расонида шуд, ин ҳамон афроди бадкирдор ҳастанд, ки ободӣ ва пешрафти кишвари биҳиштосямонро намехоҳанд. Баъзе аз чунини шахсиятҳои мурдор барои ҷалби зудтару бештари ҷавонон худро мулло “метарошанд” ва ё донишманди фақеҳи дини мубини Ислом вонамуд мекунанд. Онҳо дар аввал баъзе аз оятҳои Қуръонӣ ва аҳодисҳои набавиро ба манфиати худ дигаргуна зикр карда, сипас бо фиребу найранг ҷавононро дар зери таъсири ақидаҳои худ қарор медиҳанд.
Дар идомаи баромадаш раиси ноҳия ёдовар шуд, ки яке аз воситаҳои шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ин таҳсили илм намудани онҳо дар донишгоҳои ғайри расмии кишварҳои исломӣ мебошад. Аз ҳудуди дар мамлакатҳои исломӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон 137 нафар ҷавонон таҳсили ғайри расми гирфтанд, аз ин шумора 131 нафаршон ба кишварамон баргадонида шуда, 6 нафари дигарашон боқӣ монданд. Ба хотири фирефтаи найрангу ҳилаҳои ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ нагаштан бо волидайни онҳо сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда, онҳо низ ба ватан баргардонида мешаванд”, - афзуд ӯ
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо, доир ба таълиму тарбияи дурусти фарзандон иброз дошт, ки ҳар як падару модар вазифадор аст, ки фарзандони хешро дар рӯҳяи ватандӯстию ватанпарвари тарбия намоянд, зеро барои ҷавонону наврасон бо талошу заҳматҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон чандин муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии бо тамоми шароитҳои замонавӣ муҷҷаҳаз гардида ба истифода дода шудааст. Аммо бархе аз ҷавонону наврасон ба ҳамин қадар дастовардҳо ва неъматҳои бебаҳои даврони соҳибистиқлоли кишварамон нарасида, ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил шуда, ба ватану модари хеш хиёнат мекунанд. Он бадхоҳони кишварамон барои парешон намудани мардум ва ноором сохтани вазъи сиёсии диёри биҳиштосоямон аз қувваи ҷавонону наврасони кӯтоҳназар истифода намуда, амалҳои нопоки хешро анҷом додан мехоҳанд, аммо ба мақсади ғаразнокашон нарасида, аз тарафи мақомотҳои дахлдори кишварамон дастгир мешванд.” Гуфт Қосимзода Идигул Тағо.
Муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират мегӯяд, ки бояд ҷавонону наврасони даврони соҳибистиқлоли кишварамон зираку ҳушёр бошад ва ба хубӣ дарк намоянд, ҳеҷ як кишваре ба мисли ватани хеш онҳоро дар канор намегиард, ин ватани худи онҳост, ки ба онҳо оғӯши гарму ҷӯшони худро боз мекунад. Имрӯзҳо ҷавонону наврасони даврони соҳибистиқлоли кишварамон аз ҷавонони даврони шуравӣ даҳҳо маротиба фарқи калон доранд, зеро ҷавонони имрӯза метавонанд аз хонаи худ нишаста аз тамоми иттилооти рӯи ҷаҳон огаҳи ёбанд. Аз ҳама ҷои таассуфаш ҳамин аст, ки баъзе аз ҷавонону наврасон ба интернет ворид мешаванду аммо намедонанд, ки бо чигуна инсонҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамсӯҳбат мешванд. Чунин шахсон аз чунин ҷавонони бесавод истифода намуда, бо суханони бардурӯғи худ моил карда, ба ҳизбу ҳаркатҳои ифротии худашон таблиғ менамоняд.
Дар фароварди ҳамоиш ҷавонону наврасони ноҳия баромад намуда он амалҳое, ки аз тарафи бархе аз ҷавонони ноогоҳи кишварамон анҷом дода шуд, маҳкум намуда, ваъда доданд, ки барои пешрафту ободи кишвари азизамон тамоми кӯшишу ғарати хешро ба харҷ дода, саҳми арзандаи хешро ба ин диёри орому осуда ва сулҳдӯсту сулҳпарвар расонанд.
Аҳлиддини Муборакшоҳ