Ҳамоиши ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия

Ба хотири эҳё намудани ҳунарҳои қадимаи миллати тоҷик ва арҷ гузоштан ба фарҳанги ниёгон бо иқдоми наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззамамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон кард, дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо иштироки васеи занону духтарони ҳунарманди ноҳияи Кӯшониён намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши ҳунарҳои мардумӣ  раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо  иброз дошт,  ки  ҳар як фарди бонангу ори кишварамон бояд шукронаи сулҳу субот ва оромию ободии диёри азизамонро кунад, ки имрӯзҳо кӯчаю хиёбонҳои мамлакатамон нисбат ба солҳои гузашта даҳҳо маротиба ободу зебо гаштааст. “Соҳибкорони ватанӣ иқдоми наҷиби Пешвои миллатамонро ба хубӣ дарк намуда, баҳри ободии диёри зебоманзарамон чандин хонаҳои баландошёна ва иншоотҳои маишию хизматӣ ба истифода доданд. Ба хотири ҷалби занони соҳибкор ва омӯзонидани занони хонанишин ба ҳаргуна касбу ҳунарҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи  12 соли охир беш аз 14 миллиону 300 ҳазор сомонӣ гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо занҳо низ дар канор наистода, дар баробари мардҳо ба соҳибкорӣ машғул шуда, саҳми арзандаи хешро дар пешрафт ва ободонии диёри биҳиштосоямон мегузоранд”, -гуфт Қосимзода Идигул Тағо.

Намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш дар вилояти Хатлон гуфт, ки  мо ­- ҷавонон шукронаи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллатамонро мекунем, ки барои ҷавонону наврасон тамоми шароитҳои заруриро муҳайё сохтанд. Худ шоҳиди ҳол ҳастем, ки  ҷавонону наврасони даврони соҳибистиқлоли кишварамон натанҳо дар донишгоҳҳои муҷаҳҳаз таҳсил мекунанд, балки онҳо имконияти фарох пайдо намуданд, ки дар муассисаҳои олии мамолики абарқудрати дунё ҳам таҳсили илм намоянд. Имрӯзҳо ҷавонону наврасони ноҳияи Кӯшониён сиёсати  хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба хубӣ дарк намуда, дар олимпиадаҳои сатҳи вилоятию ҷумҳурияӣ ва  байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби ҷойҳои намоён шуда истодаанд”, - афзуд вай.

 Дар охири ҳамоиш аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба он ҷавононе, ки дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд, туфаҳои пулию молӣ тақдим карда шуд.

 

Аҳлиддини Муборакшоҳ 

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.