
Рӯзи 18 августи соли 2018 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён мачлиси тантанавӣ бахшида ба муносибати 27 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ доир гардид. Дар кори маҷлис раиси нохия Ҷаббори Ғаффор иштирок карда, дар бораи ҷашни муҳими таърихии Истиқлолият суханронӣ намуда, оид ба дастовардҳои бахши тандурустӣ дар замони Истиқлолият дар ноҳияро муаррифӣ карданд. Аз ҷумла, қайд карданд, ки “Замоне дар солҳои аввали истиқлолсозӣ кишвари азизи мо аз ҷониби ташкилоту гуруҳҳои дохиливу хориҷӣ, бахусус аз ҷониби намояндагони ташкилоти террористӣ–экстремистии Ҳизби наҳзати Исломӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда, аз паёмадҳо ва осори мудҳиши он ҳамаи Шумоён огоҳ ҳастед. Ва ҳамин омили манфӣ боиси коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ, рушди ноустувори иқтисодӣ ва фалаҷ гардидани тамоми сохторҳо гардида буд. Бо сабаби маблағгузории нокифоя ва норасоии доруворӣ соҳаи тандурустӣ самаранок фаъолият карда наметавонист.
Имрӯз бо шукргузорӣ ва хушбахтии бепоён зикр карда метавонем, ки маҳз бо иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар, танҳо дар даҳ соли охир маблағгузории соҳаи тандурустӣ зиёда аз 25 баробар афзуда, садҳо муссисаҳои замонавии тиббӣ бо шароити муосири муҷҷаҳаз сохта ба истифода дода шуда, ҳамзамон муассисаҳои мавҷудаи тиббӣ таъмиру азнавсозӣ гардида, бо имконияти аввали маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сохибкорони маҳаллӣ марҳила ба марҳила аз ҳолати садамавӣ бароварда мешаванд.
Дар ноҳия шароити корбарӣ барои кормандони соҳаи тандурустӣ рӯз то рӯз беҳтар гардида, хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ сари вақт ва бо сифати баланди касбӣ сурат мегирад». Барои хизматҳои шоён ва саҳми арзанда дар кори соҳаи тиб ва хизмати содикона ба халқу Ватан якгуруҳ собиқадорони меҳнати тиб бо Сипосномаи раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
Д. Шукруллозода