Тантанаҳои ҷашни Истиқлолият дар ноҳия

Аз субҳи содиқ ҷавонону наврасон ва сокинони ноҳияи Кӯшониён ба хотири дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни бошукӯҳи 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назди бинои Ҷамоати шаҳраки И.Сомонӣ, то назди майдони шоҳ Исмоили Сомонӣ дар даст ҳар гуна шиору ливоҳҳо роҳпаймои намуданд.

         Сипас раиси ноҳия ва меҳмонон аз дастранҷи ҳунарҳои мардумӣ  дидан намуданд, ки аз тарафи  меҳмонон хуб пазируфта шуд. Ҳамчунин дар майдони шоҳ Исмоили Сомонӣ раиси ноҳия доир ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда гуфт, ки имрӯзҳо ноҳияи Кӯшониён дар баробари дигар шаҳру навоҳии вилоят рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, тамоми хоҷагии халқи ноҳия рушд намуда истодааст. Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳакимияти давлатии ноҳия баҳри ободу зебо гаштани кӯчаю хиёбонҳои ноҳия озмуни беҳтарин деҳа, кӯча ва маҳал гардид, ки дар ин рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардида, он деҳаю маҳаллаҳое, ки ҷойҳои намунавиро ишғол намдуанд тӯҳфаҳои пулию моллӣ тақдим карда шуд. Дар фарҷоми ҳамоиш аз тарафи шуъбаи фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.

Аҳлиддин Муборов

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.