Вокуниш аз сархатиби ноҳияи Кӯшониён

       Дар бораи Ҳизби Наҳзати собиқ, ки чи қадар хиёнат миллат, давлат, ватан ва дину мазҳаби Имоми Аъзам кард, ки чи қадар хуни ноҳақ рехта шуд, дар бораи хуни ноҳақ Худованди якаву ягона дар Қуръони Карим дар сураҳои зиёд азоб муаян кардааст. Аз он ҷумла дар сураи Нисо, ояти 93, “Ва мӯъминро барқасд ҷазои ӯ ҷаҳанам аст, ки дар он абадӣ хоҳад буд ва Худо бар ӯ хашм гирад ва лаънаташ кунад ва барояш азобе бузург омода созад!”

Ва аз Абдуллоњ ибни Масъудразияллоҳу анҳу ривоят аст, ки гуфт:

       Гуфт, Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам: Аввалин он чизе, ки ҳукм карда мешавад рӯзи қиёмат байни муъминон рехтани хуни ноҳақ аст, (Ҳадиси Имом Бухорӣ ва Имом Муслим) ва ҳамин гуфтаҳои мазҳаби Имоми Аъзам (р) ва боз ҳамин Ҳизби Наҳзати собиқ он ҳодисае, ки дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон кард. Ин барои номусулмон, балки ба инсони комил буданашон шак аст, ки инсони комил ба меҳмонҳо ҳаминро раво намебинад. Чи гунае, ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуда аст, ки:

       Шахсе, ки ба Худои якаву ягона бовар дорад ва ба зинда гардонидан баъд аз миронида бовар дорад, бояд эҳтиром кунад меҳмононро. (Ҳадиси Имом Бухорӣ ва Имом Муслим).

       Инҳо меҳмонҳои мо буданд, дар давлати мо буданд ва дар ватани мо буданд.

       Ривояти Абусаид Худрӣ (р) аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: Шахсе, ки  бибинад як кори бадеро бояд маън кунад ба дасташ, агар натавонад ба забонаш маън кунадл, агар натавонад бояд ба дилаш бад шуморад, он кори бадро ва агар накунад ҳамин заифтарин инсон ба шумор меравад аз руи Имон дорӣ. (ривояти Имом Муслим 5137).

 

Қаландаров Исроил

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.