Амали нангине, ки рузи 29 июли соли ҷорӣ дар нохияи Данғара нисбати 4 нафар сайёхони хориҷии ШМА, Нидерланд ва Шветсария ба вукуъ пайваст, басе нигаронкунанда ва ваҳшиёна буд. Гуруҳи ҷиноятпешаи ТТЭ ҲН ин амали террористиро тибқи дастуру нақшаҳои тарҳрезишудаи махсус содир намуда, бо бераҳмиву ваҳшоният сайёҳони хориҷиро ба ҳалокат расониданд.
ТТЭ ҲН солҳост, ки дар пайи амалӣ намудани ҷинояткориву харобкорӣ ва ноором сохтани вазъи сиёсии кишварамон ҳастанд. Ин дафъа разилони нобакор барои паст намудани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ амали террористиро бо сайёҳони хориҷӣ содир намуданд, то исбот намоянд, ки Тоҷикистон кишвари ноором аст.
Албатта, маълум аст, ки барои ба вуқуъ пайвастани ин аъмоли нангин саркардагони он аз тарафи ТТЭ ҲН маблағгузорӣ ва раҳнамоӣ карда шудааст.
Саркардагони ҷинояти мазкур сари вақт аз ҷониби мақомотҳои дахлдор дастгир гардида, шахсияти онҳо муайян карда шудааст.
Нуралиева М. А