Муроҷиатномаи ҷавонони ноҳияи Кӯшониён вобаста ба иштироки аъзоёни ташкилоти террористии ҲН дар ҷаласаи солонаи САҲА

      Мо, ҷавонони ноҳияи Кӯшониён бо дарки масъулият ва рӯҳияи баланди хештаншиносӣ иштироки аъзоёни ташкилоти террористии ҲН қотеъона маҳкум мекунем.   

Мо фарзандон ва созандагони ояндаи дурахшони ин сарзамин бо ифтихори баланди миллӣ изҳор менамоем, ки дар ин марҳилаи созандагию бунёдкории Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун як узви фаъоли ҷомеаи муосир бо ҳисси ватандорӣ ва ифтихори миллӣ худро масъул ва вазифадор медонем, то баҳри пойдории истиқлолияти комили мамлакат ва тараққиёти кишвар дар радифи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузорем.

Тавре аз расонаҳои хабарӣ огоҳ шудем, чанде пеш боз хоинону нохалафони миллат аз ҷумла мухолифони Тоҷикистон дар шаҳри Варшава пойтахти Полша байни худ иттиҳоде бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» таъсис намуданд.  Дар рӯзи таҷлили Истиқлоли миллӣ 4 созмони мухолифи Тоҷикистон- Ҳизби назҳати ислом, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, анҷумани озодандешони тоҷик ва Анҷумати муҳоҷирони Осиёи марказӣ, якҷо шуда, Анҷумани наверо бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» таъсис доданд, ки феълан роҳбарии онро Муҳиддин Кабирӣ – роҳбари ҲН ба уҳда дорад.   

Мо боварии комил дорем, ки бо низо барангехтани 10-15 шахсони нохалаф ва таъсиси чунин анҷуманҳо ношукрӣ ин Ватану миллат Тоҷикистони азизи моро ва миллати ваҳдатшиору миллатдӯстро шикаста наметавонанд.

Мо, ҷавонони ноҳияи Кӯшониён аз  рафторҳои ноҷавонмардонаи ин нохалафон бетараф буда наметавонем. Мо ҳамеша мекӯшем, ки бо меҳнати софдилона, дасту дили пок ба Ватанамон – Тоҷикистони азиз хизмат намоем ва Ватанамонро ободу зебо гардонида, иқтисодиёти ҷумҳуриро баланд бардорем. 

Агар ба таърихи на он қадар дури миллатамон, яъне ба давраҳои ҷанги шаҳрвандии соли 1992 назар кунем, мебинем, ки бо пайдо шудани ҳизбу ҳаракатҳо ва ҷунбишҳову гурӯҳбозиҳо вазъи сиёсии кишвар ноором гашта, он ба ҷанги бемаънии ҳамватанӣ оварда расонд ва мо халқи тоҷик фаромӯш набояд созем, ки Точикистони азизи мо баъди ҷанги шаҳрвандӣ ба чӣ ҳол омада буд. Пеш аз ҳама, мо бояд ҳодисаҳои Ховари Миёна ва давлатҳои Арабро андеша карда, шукронаи сулҳу суботи сиёсии кишварамонро кунем.

Мардуми шарафманди Тоҷикистон, халқе ҳастем, ки истиқлолияту озодиро нишонае аз талошу муборизаҳои ҳазорон нафар фарзандони фарзона, бонангу номус ва далеру ғаюри худ ҳисобида, тамоми саъю талош ва ҳиммату ғайрати хешро ба хотири ҳифзу пойдории ин неъмати бебаҳо сафарбар месозем. Гузашти вақт беш аз пеш собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа, рушди озодона ва сарбаландии ҳар як фарди он маҳз ба истиқлолияту озодӣ ҳамчун кафолати асосии бақои миллатҳо вобастагии мустақим дорад. Ҳамин дастоварди бузург дар тӯли таърихи башарият имкон фароҳам овардааст, ки мардумони ҷаҳон соҳиби ҳаққи табииву таърихии худ бошанд. Аз ин лиҳоз, истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад.

Мо, ҷавонони зодаю тарбиятёфтаи даврони истиқлолият имрӯз ҳамаи он амалҳои номатлубу иғвоангезро, ки аз ҷониби чунин шахсони нохалафу ватанфӯруш, амалӣ гардад, истодааст маҳкум менамоем.

Мо, ҷавонони ноҳияи Кӯшониён ҳадафҳои нопоку ғаразнок ва амалҳои номатлуби ин хоинони миллатро маҳкум намуда, баҳри нашъунамо ва шукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистон дар атрофи сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона, бо дониши хубу аъло, рафтори намунавӣ ва дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ адо намоем.

 

Азимов Парвиз

Миёна: 3.3 (3 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.