Мо, сокинони ноҳияи Кӯшониён зери таассуроти тантанаҳои истиқболи 27 солагии Истиқлолияти давлатиамон, ки ҷашни милливу муқаддас ва санаи мубораки тақдирсоз дар ҳаёти кишвари мо маҳсуб меёбад, қарор дорем ва бо хушбахтии бепоёну шукргузории беохир дар фазои амну осоиши Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон умр ба сар мебарем. Баҳори 27 солагии истиклолият дар даврае рост омад, ки Тоҷикистон –ҳамчун кишвари ҷавон, новобаста аз шароитҳои мухталифи сиёсиву иқтисодии ҷаҳони муосир, ба марҳилаи устувори рушд ворид гардида, дар ҳамаи ҷабҳаҳои хоҷагии халқ ба дастовардҳои бузург ноил гардида, таъмини се ҳадафи стратегии мамлакат давра ба давра амалӣ ва дар ин замина сатҳу сифати зисту зиндагонии халқҳои Тоҷикистон беҳтар гардид. Мардуми гуногунмиллату гуногуннажоди хушбахту сарбаланди кишвари маҳбубамон зери партавфишонии ливои болобаланди давлати соҳибистиқлоламон муттаҳид гардида, зери сиёсати мардумпарваронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият карда, барои ояндаи дурахшону босаодати ватанамон дар арсаҳои гуногуни бахшу соҳаҳо бо эхсоси баланди милливу ватандорӣ садоқатмандона меҳнат менамоянд.
Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба мушкилоти бузурги глобалӣ табдил ёфта, бо шаклу усулҳои боз ҳам дахшатноктар ба олами башарӣ хатару таҳдид эҷод карда, дар кураи замин беш аз пеш рунамоӣ дорад. Инсоният тӯли зисташ дар рӯи замин бори нахуст бо амалҳои ғайриинсоние, ки таърих онро ёд надорад, рӯ ба рӯ гаштааст. Кишварҳои зери ҳадаф қарорёфта харобу валангор гардида, мардумонаш зери озори сахти бераҳмона ҳалок мегарданд.
Таҳлилҳо собит кардаанд, ки баъзе аз кишварҳои ҷангзадаи ҷаҳони муосир мавриди пуштибонии сиёсиву иттилоотӣ ва молиявии гурӯҳу созмонҳои ифротӣ қарор гирифтаанд ва рӯз то рӯз ин мушкилот аз лиҳози ҷуғрофӣ доман паҳн карда, бо шаклу усулҳои боз ҳам даҳшатноктар ҷилванамойӣ карда, кишварҳои замоне ободу осуда валангору нобуд гашта, талафоти ҷонӣ ва харобиву хисороти иқтисодии бузургро ба бор овардааст.
Воқеият аст, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ ё таҳмилӣ дар Тоҷикистон ба коми худ садҳо ҳазор нафар шахрвандонро фурӯ бурда, беш аз як миллион нафар гуреза ва ба кишварҳои ҳамсоя ҳиҷрат карда, бехонумон гаштанд. Хушбахтона, бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллатамон ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии ҷомеа баркарор гардид. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон собит кард, ки ҳар амали дар роҳи хайр пешгирифта, пирӯзӣ меорад. Истифода ва ташаккули муколамаи васеи миллӣ воситаи муҳими пирӯзӣ гардид. Имрӯз дар мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои сайёра тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳамкории муштарак қарор гирифта, омилҳои воқеӣ, моддӣ ва маънавие, ки терроризм аз он маншаъ мегирад, муайян карда мешавад.
Ноамниҳои замони муосир ба амнияти кишвари мо низ таҳдид менамояд. Аз ҷумла, ҳодисоти рӯзи 29 июли соли равон аз ҷониби якгуруҳ ҷавонони бадкеш, ки бо созмони террористӣ–экстремистии ДИИШ пайвастагӣ доштанд, бори дигар собит менамояд, ки ҳанӯз гуруҳе аз шаҳрвандони кишвари маҳбубамон аз сулҳи пойдору суботи сартосарии ватанамон ношукрӣ карда, даст ба хиёнати давлату миллат дароз менамоянд. Воқеият аст, ки замоне дар ташаккули шахсият, тарбияти фардӣ ва бедории тафаккури миллии ин гуруҳ ҷавонон мактаб, оила ва ҷомеа нодида гирифта, нақш ва таъсири хешро нагузоштаанд. Ҳамеша, собит аст, ки дар ташаккули шахсият оила нақши муҳим мебозад. Ва бегонашавии ин афрод ҷавонон кори яклаҳзаина набуда, фаъолияти муназзаму омӯзиши чандсоларо дар худ равшан менамояд.
Раванди баргузории ҷаласаи САҲА, ки дар Варшава бо ҳузури аъзоёни ҳукумати кишвари мо ва намояндагони мухолифин сурат гирифт, тавассути шабакаҳои интернетӣ иттилоъ гирифтем ва бори дигар танаффури кулли сокинони ноҳияро нисбати аъзоёни собиқ Ҳизби наҳзат бедор кард. Созмони террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзат ба қатъи фаъолияташ созиш кардан намехоҳад ва ҳар лаҳза барои ноором кардани фазои сулҳободи мо кӯшиш меварзад. Замоне ин созмони хиёнатпеша ва бадкор ба сари мардуми кишвар бадбахтиҳои беҳисоб овард. Даст ба табаддуллоти давлат ва дигар кардани сохти давлатдорӣ зада, нақшаҳои муғризона таҳрезӣ карда, манфиатҳои милливу давлатиро зери по гузоштанд. Аммо ба ҳеҷ ваҷҳ ба мақсад нахоҳанд расид, зеро саҳифаҳои таърихи башарият собит менамояд, ки хиёнатпеша ҳамеша дар ниҳояти кор шармсор мегардад ва аз марзу буми зисташ ронда мешавад. Мо, ин хиёнатпешагонро хело дертар аз ватан берун кардем ва меарзад, ки ҳар кори нохуби онҳо дар байни ҳамсоягон ва хешу табборонашон мавриди маҳкуми сахт қарор бигирад. Зеро аҳли байт ва қавму авлоди ин хиёнаткорон дар фазои сулҳомезу ваҳдатободи Тоҷикистони мо оромона зиндагӣ доранду фарзандонашон дар хориҷи дур ба номи Тоҷикистони маҳбуби мо иснод меоранд. Чун ин фарзандони нохалаф роҳи бадкориву бадбиниро интихоб кардаанд, талаб менамоем, ки ҷавоби ин амалҳои хиёнаткоронаро волидон, бародарон ва хешу таббори онҳо дар назди халқ бигӯянд! Масъулияти волидайнӣ ва хешу табборӣ низ ҳамин аст, ки ҳар кори хуб ва ё ношоистае, ки аз узви оила сар мезанад, ин самара ва заҳмати онҳоро дар роҳи тарбият нишон медиҳад. Барои софдилона дар раҳи ватандӯстӣ, миллатдӯстӣ ва шинохти арзишҳои милливу давлатӣ ба воя нарасонидани фарзандон, ки боиси сар задани амалҳои вазнини ҷиноятӣ гардидаанд, бигузор волидони онҳо ҷавоб бигӯянд !
Бо ифтихор мегӯем, ки имрӯзҳо фарзандони бошарафи ноҳияи Кӯшониён паҳлӯи ҳамдигар барои дар амну суботи комил нигоҳ доштани давлати навбунёд заҳмати содиқона кашида, дар партави сиёсати хирадмандонаи фарзанди накӯноми миллат, Пешвои миллатамон, муттаҳид гардида, бо нангу номуси миллӣ устуворона қадам пеш мегузоранд.
Тоҷикистон-ватани маҳбуби мост ва ба гулистони ҳаққиқӣ табдил додани он вазифаи ҷонӣ ва қарзи имониву фарзандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад!
Аз номи сокинони ноҳияи Кӯшониён