Вахт довари хакикатест, ки бо мурури замон халкро аз ботил ҷудо мекунад, хамаи асрор хоҳ нек бошад ё бад ошкор мешавад. Одамони бадкинат, ки бо сад хилаву найранг ба Ватан, миллат ва мазҳаби худ хиёнат мекунанд, мувофиқи адолати Иллоҳӣ дар назди мардум шарманда мешаванд.
Шахсоне, ки дар давоми 27 соли Истиклолияти давлатй ба Ватан ва миллат хиёнат карданд мардумро ноором сохтанд, хуни ноҳақ; рехтанд сирру асрорашон аз дохили худ ошкор шуд. Далели раднопазир дар ин маврид изхороти ахири яке аз муассисони Ҳизби Наҳзат Аёмидин Сатторов мебошд. Номбурда дар як намоиши телевизионӣ ё филми хуҷҷатие таҳти унвони “Бозгашт аз ҷаҳанам” ва ҳаёти чандинсолаи худ, ки ҳамроҳи саркардагони ТТЭ ҲН ва охундҳои Ҷумхурии Исломии Эрон ба cap бурдааст, нақл карда бори дигар, ки будани муассисони наҳзат ҳадаф ва таъсиси онро ошкор намуд.
Баъдаз тамошои ин филм ва афсусу надоматҳои Аёмиддин Сатторов тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла ходимони диннӣ масҷиди ҷомеаи марказии Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд аз нақшаҳои Кабирӣ ва созмондеҳони ҳизбаш огоҳтар шуданд. Бори дигар маълум шуд, ки ҳадафи онҳо ба дини Ислом хидмат кардан не, балки аз номи дин суистифода карда, маблағ ба даст овардан ва бо роҳи хиёнат ба халқу миллати худ хизмат кардан ба хоҷагону гумроҳ сохтани мардум аст. Вале, онҳо ин хақиқатро бояд қабул дошта бошанда, ки халқи тоҷик мисли солҳои 90-уми асри гузашта ноогоҳу фирефта нест ва кулли мардум ба ин гуруҳи хиёнаткор нафрати зиёд доранд.
Фатҳулоева Ш. А