Шӯрои собидадорони ҷангу меҳнати минтақаи вилояти Хатлон дар мувофиқи бо Ҳукумати вилоят ба маълумоти Шумо мерасонад, ки дар расонаҳои хабарӣ чор созмони оппозитсионӣ, ки Ҳизби Надсати Исломӣ ба таври сунъӣ ташкил кардаанду иттиҳоде бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» таъсис додаанд, онҳо Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофудин Гадоев ва Илҳом Ёқубов мебошанд. Онҳо гӯё аз пешравиҳои давлати соҳибистиқлоламон ризо нестанд.
Мо собиқадорон, ки пасту баландиҳои ҳаётро дидаем хуб медонем, ки онҳо кистанд ва мақсади нопокашон барои чист! Аммо ин бадхоҳон ба мақсади нопоки худ нахоҳанд расид, чашми мардум кушода шудааст, сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд. Мо аз сиёсати Пешгирифтаи Пешвои миллат ризоем ва барои амалӣ гаштани мақсаду мароми қарорҳои ҳукумат мо собиқадорон ҳамеша тайёрем!
Аз номи шурои собиқадрони меҳнати ноҳияи Кӯшониён
Давлатов Ҳомидбек, Раҳматов Файзиддин (аз ҷ.д Меҳнатобод), Камолов Фармон, Эргашов Муҳаммадӣ,
(аз ҷ.ш И. Сомонӣ), Муродов Рамазон, Набиев Аҳмад (аз ч.д Заргар).