Вокуниши Бахши фарҳанги ноҳияи Кӯшониён

Сулҳ ин мароми мост!

Санг бар мо мезани, аз рафти он андеша кун,

Мушт бар мо мезани аз захми он андеша кун.

Ту зӣ дуриҳо ба суи миллати худ мекаши тиру камон,

Аз табору, аз диёру аҷдоди худ андеша кун.

Модари тоҷик туро зодаст, туро додаст шири сафед,

Аз азоби модару гавҳораву шири сафед андеша кун.

Эй бародар! решапайвандем мо дар ин ҷаҳон,

Ақрабоем ! ту зи қавму хуни худ андеша кун.

Тоҷикистон бин шудаст, гулгулшукофон, мешиносандаш ҷаҳон,

Ту зи миллат, ту зи тоҷик, аз Ватан андеша кун.

 

        Ин мисраҳо хитоба ба он шахсоне машаванд, ки зи дуриҳо ба суи миллати худ туҳмату буҳтону кинаро нисор мекунанд. Бехабаранд ки теша бар решаи хеш мезананд

        Мову шумо шоҳид будем, ки дар чи ҳолат буд Тоҷикистон.  Бо талошҳои бадхоҳони миллат ватани мо ба як майдони ҷанг майдоне, ки бародар хуни бародари худро мерехт, модар дар ҳақи фарзанд падар дар ҳақи номардии бадхоҳон месухтанд. Умедро аз Ватан канда раҳсипор мешуданд ба суи давлати дигар. Касе умеди ободии ин Ватанро надошт .

       Бо лутфу инояти Худованд нафаре руи тахт омад. Ҷони худро дар хатар монда Ватанро аз вартаи нести раҳо кард. Миллати парокандаро ҷамъ овард Ватан бунёд кард.

       Мо медонем, ки Истиқлолият ба осони ба даст наомадааст. Тоҷикистон худ аз худ чунин зебову обод нагаштааст. Вале ҳама он ранҷу азоби миллатро нодида гирифта ношукрии ин Ватану ин ободиву ин гулгулшукуфоиро мекунанд. Чанд касифе, ки худро бо ном аъзоёни ҲН меноманду корашон тамоман самти дигар дорад.

Узви ҳизби мамнуи Наҳзати Исломи Тоҷикистон ва мухолифини Ҳукумати қонуни Тоҷкистон ба ҳар роҳу восита мехоҳанд номи Тоҷикистои  соҳибистиқлолро доғдор кунанд. Аз ин рӯ ҳар як минбару ҷаласаро ба мақсадҳои ғаразноки  худ истифода мебаранд. Вале ҳар дафъа воҳимаҳо ва даъватҳои пӯчи онҳо симои аслӣ ва ғаразҳои сиёҳашонро барои аҳли башар намудод мекунад.

      Гуруҳҳои ба ном мухолифини тоҷик чанде пеш дар ҷаласаи дуюми ҳуқуқӣ башари САҲА дар Варшава ба намояндагони ҳукумати кишварамон « саҳнаи муноқиша»-и пешаки таҳрезӣ кардаашонро намоиш доданд. Аммо ин амали онҳо бори дигар бесалоҳиятиву ғаразнок будани онҳоро нишон дод. Ин кори онҳо ба андешаи инҷониб ба оҳан об кубидан аст. Зеро онҳо дар тули  фаъолияти хеш ҳамеша зидди манфиатҳои миллӣ ва давлатии Тоҷикистон кор бурда дар ҳаводиси солҳои 90-уми асри ХХ онро нишон доданд. Аммо ҳадафҳои муғризонаи хешро дар замони шукуфоии кишвари соҳибистиқлоламон аз пушти парда ба рӯйи саҳна бароварданд. Моҳи сентябри соли 2015 табаддулоти давлатӣ карданӣ шуданд ва хушбахтона, тирашон хок хурд, рӯсиёҳ буданд, рӯсиёҳтар шуданд. Зеро онҳо пешрафту тараққиёти Тоҷикистонро  намехоҳанд. Супориши хоҷагони хориҷии хешро  амалӣ карданӣ шуда, муқобили ҷараёни хурушони ваҳдату якдилии халқҳои Тоҷикистон мебароянд  ва ҳар дафъа  шармандатар мешаванд.

        Ин ҳизб дар Тоҷикистон мамнуъ ва террористӣ эълон шуда, бо қарорати  Суди Олии кишвар фаъолияташ манъ гардидааст. Аз ин рӯ даъвои онҳо ва тарафдорони онҳо беасосанд.

        Мо мардуми осоиштаи кишвар  шукри Ватан, шукри Истиқлолият  мекунем.  Дар атрофи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муттаҳид гардида, ин амалҳои иғвогаронаи ҲН ва мухолифини тоҷикро маҳкум менамоем.

 

Аз бахши Фарҳанги ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.