Худо кунад, ки тинати аҳримании Кабирӣ ба хок биравад …

Аҳриманӣ кори нафари  бадтинату бадхӯе ҳаст, ки дар замираш лона дорад ва ҳамеша  барои вайронӣ ва харобӣ мекӯшад. Аслан ин тоифа одамон дар ташаккули давраи аз кӯдакӣ то ба калонсолӣ аз хӯи табиати хеш канда намешаванд ва ин хислат баръакс такмил меёбад, агар ба дасти омӯзгори шоистае наяфтад! Ва ба ҳамин хотир, тӯли карнҳои дарози мавҷудияти инсоният мардумони бофарҳанг ҳамеша ҷаҳд мекарданд, ки ба ҳар тифли ба дунё омада дар баробари омӯзиши илмҳои замон, онҳоро ба тарбияти ҷиддӣ фаро бигиранд.

Собит шуда, ки Кабириҳо аз зумраи аҳриманҳое ҳастанд, ки ҳамеша  хастии зиндагиашонро дар пайи барангехтани ҷангу низоъ ва ноором сохтани ҳаёти мардумон сарф карда, аз он қуввату рӯҳ мегиранд. Ва дер нест, ки тани аҳримании ӯ ва ҳамраҳонаш  бо хости Худованд хеле зуд ба хоки сияҳ ҷой мегираду дили модарони тоҷики  ғамзадаву фарзандгумкарда аз он об мехӯранд.

 Раванди баргузории ҷаласаи дар Варшава аз ҷониби ташкилоти бонфузи САҲА созмон ёфтаро, ки  дар он вазъи воқеии ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид, моро бори дигар ҳушёр менамояд, ки  ба ҳеҷ ваҷҳ хоинони миллату давлати мо хоҳ худӣ ва ё хоҳ бегона  аз  амали бадхоҳонаи худ даст кашиданӣ нестанд.  Ва ҳатман, ки ҳадафашон хато хӯрда, зеро мо фарзандони ин  сарзамини аҷдодӣ ба ин роҳ намедиҳем! Ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки бори дигар кадами шуми онҳо ба ватани мо гузошта шавад! Дигар Тоҷикистон интизори онҳо нест ва онҳо рондашудагоне ҳастанд, ки  дар кишварҳои бегона хок мешаванд.

Паймони миллии таъсисдодашудаи ин гурӯҳ хоинон барои мо арзише надорад ва  бигузор зери ин паймон дар кишварҳои хориҷи дур сарсону саргардон ва бо орзуи  паймони миллии ҳаққиқӣ  хору зор бимиранде!!!

 

Муовини раиси ноҳияи Кӯшониён

Дилафрӯз Шукруллозода

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.