Мо, кормандони Маркази дандонпизишки ноҳияи Кӯшониён нисбати амалҳое, ки дар рӯзи дуюми ҷаласаи байни аъзои ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава рух додаст, бетарафи зоҳир карда наметавонем. Маълум мегардад, ки ҳоло ҳам аъзоёни собиқ узви раёсати Ҳ.Н меходанд бо дасти дигарон ба хотири манфиатҳои молиявӣ иродаи намояндагони кишварҳои дигарро зидди миллату ватани худ амалӣ намоянд. Дар тӯли 27-соли Истиқлолият борҳо шоҳиди хиёнатҳое гардидем, ки аз тарафи аъзоёни ТТЭ ДНИ cap задааст. Имрӯз ҳар яки моро зарур аст, ки чунин амалҳои ноҷавонмардонаро маҳкум намоем ва ҳамагӣ дастаҷамъона Истиқлолияти давлатиро ҳифз намоем.
Аъзоёни собиқ узви раёсати Ҳ.Н барои аз байн бурдани давлат ва миллат ҳоло ҳам саъю кушиш доранд вале бо заҳмату талошҳои фарзандони ватандуст мо дубора ба сулҳу истиқлол расидем. Айни замон мо дар фазои сулҳу оромӣ умр ба cap мебарем ва зина ба зина иқтисодӣ кишвар рушд карда истодааст ва масъалаҳои иҷтимоӣ ҳалли худро пайдо карда истодааст. Мусаллам аст, ки ҳамаи ин мушкилотро мо танҳо дар сулҳу осоиштагӣ баррасӣ карда метавонем. Аз ин рӯ, ҳар яки мо, фарди миллатро зарур аст, ки масъулиятшинос бошем ва содиқона вазифаи хешро анҷом диҳем. Сулҳу суботи кишварро чун гавҳараки чашм ҳимоя намуда, бар зидди душманони миллат - роҳбарони ТТЭ Ҳ.Н муттаҳид бошанд.
Аз номи кормандони
Маркази дандонпизишкии ноҳияи Кӯшониён