Таҷриба ва мушоҳидаҳои зиндагӣ нишон медиҳанд!

Хушбахтона, бо талошу заҳматхои шабонарӯзии Пешвои миллатамон ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии ҷомеа барқарор гардид. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон собит кард, ки ҳар амали дар роҳи хайр пешгирифта шуда, пирӯзӣ меорад.

Шукри Худованд, давроне бароямон даст додааст, ки дар он гуруҳ ва ё ташкилоти характери оппозитсионӣ дошта, дигар вуҷуд надорад. Зеро ҳоли парешону рӯзгори ноором, ки бо дасисабозиҳои кабириҳо замоне бароямон насиб гардида буд, фаромӯш ношуданист ва нобахшиданист.

Дар расонахои интернетӣ маълум гардид, ки рӯзи 10.09.2018 М. Кабирӣ сарвари ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъгардида дар Варшава дар ҳошияи анҷумани САҲА нишастеро пиромуни вазъи маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон доир намудааст. Пеш аз ҳама бори дигар ба ҳамагон маълум бод, ки худи Кабирӣ кист?

Ба ақидаи ман, ки то чи андоза нисбати ин фард маълумот дорам, ин як фарди қатолл, хунхор, моҷароҷӯй, фитнаангез то андозае, ки дини худ, ҳамзабони худ, миллати худ, халқи худ ва Тоҷикистонро ба як ҳолате овард бо ҳамтабақони худ ба сари мардуми азяаткашида, ки нав аз дарду доғи ҳодисаҳои ташкилкардаи онҳо раҳоӣ ёфтаанд, тиру туфанг бардошта, чанд нафар оилаҳо бе падару модар, бе ҷигарбанд монда ва чанд нафар фарзандон гирён шуданд.

Фикр мекунам ва худро тасаллӣ медиҳам, ки кай ақли ин махлуқ медаромада бошад?! То ба кай бозичаи дасти хоҷагони хориҷа шуда, ба мардуми худ хиёнат мекунад?

Бояд тассавур намояд, ки ин зиндониҳо шахсоне мебошанд, ки майнаи сари онҳоро Кабирӣ ва думравони вай заҳролуд кардаанд.

Пеш аз миқдори ин сарзадаҳоро баён намудан бояд андеша мекарду мегуфт: Онҳо ҳаммаслакони ман буданд, онҳо не, ман бояд дар ҷои онҳо бошам, ман бояд зиндонӣ гардам. Кабирӣ бояд хурсанд шавад, ки давлати Тоҷикистон, нисбати ду келинаш ва наберагонаш ғамхорӣ карда истодааст, ки мабодо онҳо низ зери таънаи бараҳнаи пуштубононии хориҷии Кабирӣ нагарданд. Ахлу авлодаш хешу табораш, аз бародаронаш cap карда то фарзандону пайвандонаш бояд шукргузорӣ намоянд, ки онҳоро Тоҷикистони азиз сарпаноҳӣ дорад, ягон нафаре зӯроварӣ таъна ва барои зиндагии онҳо халал намерасонад.

Агар хешу табор, пақвандон акдашон кофӣ бошад аз чунин шахсият (махлуқ), чун фарди хиёнаткор, душмани миллату давлат рӯй гардонанд. Тавре таъкид гардидааст дар баргузории нишаст дар толор шумораи иштирокчиён чандон зиёд набудаанд. Таваҷҷӯҳи зиёди иштирокдоронро ҷалб карда натавонистааст. Суоле ба миён меояд: Барои чи? ҷавоб оддӣ аст. Барои он ки мардуми шарифи Тоҷикистон, аксар мардуми Аврупо, Осиё ва дигар давлатҳои сулҳҷӯй бори дигар аз наздик шинохтанд, ки Кабирӣ кист?

 

Хулоса, як дабдабагӯй, сафсатачӣ, ватанфӯруш аст. Фарзандони бошарафи Тоҷикистон паҳлӯи ҳамдигар барои дар амну суботи комил нигоҳ доштани давлати навбунёд захмати содиқона кашида, дар партави сиёсати дурбинонаи фарзанди фарзонаи миллат, Сарвари давлатамон, муттаҳид гардида, бо нангу номуси миллӣ қадам пеш мегузоранд. Тоҷикистон - ватани маҳбуби мо буда, ба гулистони хақиқӣ табдил додани он вазифаи ҷонӣ ва қарзи фарзандиву шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.

Шарипова Ш.

Миёна: 4 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.