Мо дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон карор дорем. Хамасола 9 сентябр тамоми мардуми тоҷик бо сару либоси идона ва бо руҳи болида Рӯзи Истиқлолиятро ҷашн мегиранд. Зеро мардуми тоҷик истиқлолияти худро солиёни зиёд интизори кашидаанд. Ин Истиқлолият ба осони ба даст наомадааст.
Худованд дар баробари Истиқлолият барои мардуми тоҷик як Сарвари оқилу доно, мунису ғамхор, одилу саховатмандро ато намуд.
Оре, маҳз ана ҳамин марди худодод буд, ки мо ба чунин рузҳои хуб расидем, Истиқлолият пойдор монд.
Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷикро ба сулҳу салоҳ овард, мардуми парокандаро ба Ватан баргардонид. Ҷони худро дар хатар гузошт, яъне осудагию оромии кишвар ва мардуми азизаш барои ӯ қимматтар аз донаш аст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи ҷашни Истиқлолият суханрони намуда, дар фароварди сухани худ муроҷиат ба ҷавонон намуда, чунин гуфт: «Хонед, ҳунар омузед, кишвари худро соҳиби намоед!». Дар зери мафҳуми як ҷумла, як дакон маъниро бояд дарк кард. Ӯ дар ҳар як баромади худ давононро ояндаи миллат муаррифи намуда, барои сайқал ёфтани дониши ҷавонон шароити хуб муҳайё намуда истодааст.
Мутаасифона баъзе ҷавононе ҳастанд, ки ба гуруҳҳои ифротгароӣ (терроризм) шомил шуда, ба халқу миллат, деҳа ва оилаи худ иснод меоранд. Шаъну шарафи ҷавониро аз даст медиҳанд, ки ин боиси ғаму андуҳи падару модар, зану фарзанд ва наздикони онҳо мегардад.
Ифротгароён бо ҳиллаю найранг ва суханони иғвогаронаи худ ҳазорон давонони бегуноҳро ба коми марг кашидаанд. Аз он ҷумла Тоҷикистони мо низ садҳо ҷавонон шомили ин гуруҳҳо шуда истодаанд.
Нотавонбинони халқи тоҷик ба ин Ватани озоду осуда ва зебои мо ҳасад бурда, мехоҳанд, ки ин муҳити тинҷу оромро вайрон созанд, онро ба кишварҳои ҷангзада табдил диҳднд, вале Ҳукумату Ҷумҳури садди роҳи беадолатиҳоро хоҳанд гирифт.
Мудири китобхонаи маркази ноҳияи Кӯшониён
О. Маҳмадалиева