Кӯр бишавӣ, кабирӣ.

   Аслан одамӣ дар раҳи зиндагӣ шояд хатое зоҳир карда, аммо ҳатман барои ислоҳи он ва рафъи зарар кори хуби дигареро ба анҷом мепазирад.  Ва ин нишонаи ташаккули таффакур ва солимии равониву аклонии ӯст, ки мехоҳад ислоҳ шавад.

Аммо боиси таассуфи зиёд аст, ки қисме аз ашхос бо доштани амалҳои зиёди мудҳиши бадкорӣ аз ин  шарм намедоранд ва то ҳадди дигар мекӯшанд нав ба нав бо ҷоҳилӣ намудор шаванд. Ин нишонаи ноқисии ақл мебошад. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш, ки ҳанӯз барвақттар аз соли 2015, баъди қатъи ҳизбаш  ба ноқисии равонӣ дучор омадааст, боисрор аз «Паймони миллии Тоҷикисон» дар САҲА изҳори сухан дорад ва бо пайвандии чор – панҷ нафар террористи дигар  дар хориҷи дури кишвар аз ин созмони нави террористонааш хабар мегузорад. Оғуши гарми хориҷиён ва кару фари бегонагон ба ин беномусон он чунон ҳаловат мебахшад, ки ба хотири он ба давлату миллат хиёнат меварзанд. Ҳайф, ки тоҷиканд! Душмани ҷони ин миллату ин давлат гардидаанд. Замоне шоири форсу тоҷик Бедил ба ин тоифа нохубон  воқеӣ, дуруст  фармуда: «Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам, Ки бо ман ҳарчӣ кард он ошно кард». Ва ҳаргиз, шумо хоинон худии мо нестед, шумо  фарзандони бегонагоне ҳастед, ки замоне тасодуфан номи пуршарафи тоҷикро дар шиноснома сабт кардаанд! Ба ту, кабирӣ  нуҳмиллион шаҳрванди Тоҷикистон лаънат мехонад! Дар ҳавову ҳаваси мансабхоҳӣ ва дар обу ҳавои бегонаи хориҷиён бо ёди Тоҷикистон кӯр бишавие!!!

 

Дилафрӯз Шукруллозода

муовини раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.