Санаи 17 сентябри соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷобирзода Тоҳир Гул ва раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор вохӯрии судманд бо фаъолони ноҳия баргузор гардид. Ҷобирзода Тоҳир Гул зимни суханронии худ зикр намуд, ки имрӯзҳо кишвари соҳибистиқлоламон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рушд намуда истодааст. Ба хотири ободу зебо гаштани кӯчаю хиёбонҳои мамлакатамон ва сохтани иншоотҳои маишию хизматӣ, тибқи дастуру супоришҳои роҳбари давлатамон ва бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ чандин иншоотҳои маишию хизматӣ ба истифода дода шуд. Ҷобирзода Тоҳир Гул дар идомаи баромадаш ёдовар шуд, ки дар шаш моҳи соли сипарӣ гардида маҷмӯи рушди маҳсулотҳои дохилӣ ба 7,2 дарсад расидааст, ки ин нисбати шаш моҳи соли гузашта 1,2 дарсад зиёд аст. Вақте, ки маҳсулоти дохилӣ кишварамон рӯ ба афзоиш меояд ин ба буҷети давлатамон фоидаи калон мерасонад. Ҳамчунин дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз буҷети кишварамон ба соҳаи маориф зиёда аз 1 миллиарду 660 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст ва баҳри таъмиру азнавсозӣ муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишварамон 51,7 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст , - афзуд ӯ.
Дар охири вохӯрӣ миёни вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷобирзода Тоҳир Гул ва интихобкунандагонаш суолу ҷавоби судманд баргузор гардида фаъолони ноҳия ба саволҳои худ ҷавобҳои саҳеҳу аниқ гирифтанд.
Аҳлиддини Муборакшоҳ